ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Беш аз 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои кишварҳои хориҷа, маъмулан дар Сурия меҷанганд, хабар медиҳад хабаргузории Ховар бо истинод ба вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.
"Агар ин афрод бо хоҳиши худ ба ватан баргарданд, аз муҷозоти ҷиноӣ озод мешаванд" — ваъда додааст вазир.
Аммо дар моҳи ноябри соли гузашта Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар дода буд, ки танҳо дар Сурия 300 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд. Зикр шуда буд, ки атбоъи тоҷик ба ҷанги Сурия маъмулан тавассути Русия ва Афғонистон ворид мешаванд.
Ба иттилоъи расонаҳои тоҷик, додситонии вилояти Суғд барои мушорикат дар ҷангҳои Сурия алайҳи 35 нафар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар додситонӣ таъкид карданд, ки дар мавриди омори сокинони ин вилоят, ки дар ҷангҳои Сурия ширкат мекунанд, иттилои мукаммал надоранд, зеро онҳо ба ин кишвар тавассути кишварҳои севум ворид мешаванд. Тибқи иттилои ба дастрасида, ба ҷангҳои Сурия маъмулан сокинони навоҳии Истаравшан ва Конибодом ҷалб мешаванд.
Дар ҳамин ҳол моҳи январ додситонии вилояти Хатлон дар бораи фавти нахустин тоҷик дар набардҳои Украина хабар дод. Ин фард Муродалӣ Барфиеви 30-сола будааст, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳон меҷангидааст.