Баъди таҳдиди “баҳори гарм” низоми хидмат дар Тоҷикистон пурзӯр шуд

© Sputnik Военнослужащие Таджикистана. Архивное фото
Военнослужащие Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳимзода ба ин суол, ки гӯиё ҳудуди 4 ҳазор ҷангҷӯ дар назди сарҳади Тоҷикистон ҷамъ омада ва таҳдид доранд, ки баҳори соли равон худро нишон хоҳанд дод, гуфт, “воқеан чунин маълумот вуҷуд дорад”.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, иттилоъ дар бораи таҷаммӯи ҷангҷӯён дар наздикиҳои сарҳад ва таҳдиди "баҳори гарм" ба кишварро тасдиқ кард, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Раҳимзода ба ин суол, ки гӯиё ҳудуди 4 ҳазор ҷангҷӯ дар назди сарҳади Тоҷикистон ҷамъ омада ва таҳдид доранд, ки баҳори соли равон худро нишон хоҳанд дод, гуфт, "воқеан чунин маълумот вуҷуд дорад". Дар пайи амалиёт алайҳи ҷангҷӯён дар қаламрави Покистон, онҳо ба наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ҳаракат доранд.

"Мо ҳар гуна иттилоъро дарёфт карда истодаем ва бо мурури дарёфти иттилоъ чораандешӣ мекунем. Баъди ин иттилоъ доир ба хатарҳо аз Афғонистон хидмати низомиёни тоҷик ба низоми пурзӯр гузаронда шудааст. Чораандешӣ карда истодаем, баъзе гуруҳҳоро аллакай боздошт кардаем", — афзудааст вазир.  

Ӯ гуфт, дар ҳайати ин ҷангҷӯён аъзои созмонҳои гунонуни террористӣ, аз қабили Толибону Ҳаракати исломии Узбакистон қарор доранд. Вазири умури дохилӣ таъкид намуд, ки дар боробари чорабиниҳо аз ҷониби Тоҷикистон Афғонистон низ мубориза хоҳад бурд.

Раҳимзода илова намуд, ки ояндаи наздик дар Афғонистон намояндагии Вазорати умури дохилӣ ифтитоҳ хоҳад шуд, ки муборизаи ду кишварро алайҳи ҷинояткорӣ ҳамоҳанг ва пурзӯртар мекунад.

Ахиран Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон аз таҷаммӯи ҷангҷӯён дар сарҳади Тоҷикистон хабар дода, аз таҳдиди "баҳори гарм" дар Осиёи Марказӣ суҳбат карда буд.

Вай гуфта буд, бар асоси бархе иттилоъ, ҷангҷӯёни Афғонистон иддао доранд, баҳори оянда худро нишон хоҳанд дод. Мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ин иттилоъро доранд ва бояд чораҳои дахлдор андешанд, таъкид карда буд Кобулов.

Лентаи хабарҳо
0