Валиҷон ва Тахмина муддаиёни ҷоизаи "Big Apple Music Awards” шуданд

© Sputnik / Андрей Александров / Гузариш ба медиабонкМеждународный фестиваль искусств "Славянский базар" в Витебске
Международный фестиваль искусств Славянский базар в Витебске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саҳифаи Фейсбукии ҷоиза менависад, ин хонандаҳои тоҷик барои нашри махсуси ҷоизаи маъруфи мусиқии Амрико, ки ба унвони “Нашри тилоӣ” ном бурда мешавад, талош хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Валиҷон Азизов ва Тахмина Ниязова, ду хонандаи попи тоҷик имсол муддаиёни ҷоизаи "Big Apple Music Awards-2015. Gold Edition" шудаанд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Саҳифаи Фейсбукии ҷоиза менависад, ин хонандаҳои тоҷик барои нашри махсуси ҷоизаи маъруфи мусиқии Амрико, ки ба унвони "Нашри тилоӣ" ном бурда мешавад, талош хоҳанд кард.

Швейтсариҳо ба довталабони “Евровидение” овоз медиҳанд, ки яке аз онҳо тоҷик аст

Соли сипаришуда хоҳарон Шабнаму Фарзона ва Баҳроми Ғафурӣ дар ин ҷоиза иштирок доштанд. Шабнамӣ Сурайё инчунин дар соли 2009 ҷоизаи "Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон"-и "Big Apple Music" —ро соҳиб шуд.

Баҳром Ғафурӣ низ дар шаш соли пеш "Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон" дар ин ҷашнвора эътироф гардида буд. Ҳамчунин, Ҷӯрабек Муродов ва писараш Ҷонибек ҳам ҷоизадори "Big Apple Music Awards"-анд. Ҷӯрабек Муродов соли 2011 "Чеҳраи мондагор" ва Ҷонибек "Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна" шинохта шуданд. Ҷонибек соли 2009 ҷоизаи "Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон"-ро ба худ ихтисос дода буд.

"Big Apple Music Awards" ҷоизаҳои худро аз соли 2008 ба ин сӯ тақдим мекунад. Маросими эътои ин ҷоизаҳо ҳар баҳор дар шаҳри Ню-Йорк Амрико мегузарад. Муассиси аслии ин ҷоиза шабакаи телевизионии "Эридуни ТиВи"-и Амрико аст.

Лентаи хабарҳо
0