Душанбе истирдоди Қувватовро аз Туркия дархост кард

Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарие дар Душанбе 16 январ гуфт, Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” дар ҷиноёти вазнин муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Барои истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнъшудаи "Гуруҳи 24" Тоҷикистон ба Туркия дархост равон кардааст, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарие дар Душанбе 16 январ иттилоъ додааст.

Вазири дохилӣ гуфтааст, Қувватов дар ҷиноёти вазнин муттаҳам мешавад.

Ҳамсари Қувватов аз СММ кӯмак мехоҳад

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи "Гуруҳи 24" аст, ки 19-уми декабри соли 2014 аз манзили зисташ дар Туркия аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт гардид ва далели боздошташ нақзи қоидаҳои будубош дар ин кишвар арзёбӣ мешуд.

Ба иттилои наздикони Қувватов, 19 декабр дар баробари вай се тан аз ҳамроҳонаш — Ҳусайн Ашурови 33-сола, Суҳроб Тураеви 36-сола ва Абдурашид Ҳомидови 25-сола боздошт гардиданд, ки аз онҳо узви "Гуруҳи 24" ном бурда мешавад.

Қаблан созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Туркия риояи ҳуқуқи боздоштшудагонро талаб намуда, зикр мекунанд, ки Қувватов барои дарёфти мавқеи гуреза ба дафтари дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиат карда, феълан интизори натиҷааш аст.

Реджеп Тайип Эрдоган. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсари Қувватов аз Эрдуғон хост, шавҳарашро ба Тоҷикистон надиҳад

Дар Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва аъзои "Гуруҳи 24", ки 9-уми октябр аз ҷониби Додгоҳи Олӣ экстремистӣ эълон шудааст, дар ҷиноятҳои вазнини зидди сохти конститутсионӣ муттаҳам мешаванд. Дар гузашта Додситонии генералии Тоҷикистон гуфта буд, прокуратураи генералӣ маводи ҷамъовардашуда оид ба фаъолияти "Гурӯҳи 24"-ро мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, ки мақсади асосии ин гуруҳ бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Қувватов ва дигар намояндагони ин гуруҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистӣ) худ мардуми Тоҷикистонро ба бетартибиҳои оммавӣ, рӯирост ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.

Ин ниҳод таъкид кард, ки баробари ин Умаралӣ Қувватов барои ҷиноятҳои дигар, аз қабили қаллобӣ ва азхудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0