ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Соли 2014 аз Тоҷикистон 834 ҳазору 58 нафар ба хориҷа сафар кардаанд, ки аз онҳо 670 ҳазору 806 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, хабар додааст Вазорати кор дар нишасти хабарӣ.
Аз теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 564 ҳазору 390 нафар мардон ва 106 ҳазору 416 нафар занҳо будаанд.
Дар ин муддат ба Русия 660 ҳазору 947 нафар, ба Қазоқистон 7 ҳазору 429 нафар ва ба Қирғизистон 1301 нафар сафар кардаанд.
"Дар маҷмӯъ ба кишварҳои муштарак ул манофеъ 669 677 нафар ва ба кишварҳои дигари хориҷаи дуру наздик 1129 нафар сафар кардаанд. Аз онҳо 564 ҳазору 390 нафар мард ва 106 ҳазору 416 нафар занҳо мебошанд", — гуфт вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода.
Аз ҷамъи сафаркардаҳо ба ватан 606 ҳазору 527 нафар баргаштанд, ки 453 ҳазору 985 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ буданд.
Ба гуфтаи вазир дар соли 2014 аз Русия барои қонуншиканиҳои мухталиф 1794 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки бо мусоъидати кормандони намояндагии вазорати кори ҶТ дар Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ 24 миллиону 126 ҳазор рубли қарзҳои корфармоён баргардонида шуд.
Ба ғайр аз ин 71 ҳукми судҳои ноҳиявии Русия дар нисбати шаҳрвандони тоҷик бекор карда шуда, манъи вуруди 53 шаҳрванди тоҷик ба Русия бекор карда шуд ва муҳокимаи 68 парвандаи маъмурии шаҳрвандони тоҷик боздошта шуд. Намояндагӣ ба 1975 шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ҷойи кор дар Русия кӯмак кардааст.