Тоҷикони Афғонистон дар ҳукумати ҷадид 25% курсиҳоро соҳиб шуданд

© wikimedia.orgПорлумони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Порлумони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуфузи тоҷикони Афғонистон баъд аз эъломи ҳайъати ҳукумати ҷадид, ки дар он баъд аз пуштунҳо дар мавқеъи дуввум қарор гирифтанд, бештар шудааст.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Аз 27 курсӣ дар ҳукумати ҷадиди Афғонистон ҳафт вазифа насиби тоҷикон шудааст ва ба ин тартиб онҳо баъд аз пуштунҳо дар мавқеъи дуввум қарор гирифтанд, хабар медиҳад Ожонсии телеграфии Афғонистон.

Ҳайъати ҳукумати ваҳдати миллиро Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдулло Абдулло, нахуствазир ҳамоҳанг карданд ва акнун ин феҳраст бояд рӯзи душанбе аз сӯйи порлумон таъйид шавад.

Аз 25 курсии вазир ва ду мақоми баланд — раиси Бонки марказӣ ва Бахши амнияти миллӣ — ёздаҳ курсӣ насиби паштуниҳо, ҳафт курсӣ насиби тоҷикон, се курсӣ ба ҳазораҳо ва узбекҳо, ду курсӣ ба қавми форсҳои содот, як вазифа насиби туркманҳо шуд.

Тоҷикон дар ҳукумати ҷадид чунин вазоифро ишғол карданд: Салоҳиддин Раббонӣ — вазири умури хориҷа, Аҳмад Сеёр Маҳҷур — вазири адлия, Гул Залмай Юнусӣ — вазири маориф, Наҷиба Аюбӣ — вазири умури занон, Ферузуддин Фирӯз — вазири тандурустӣ, Ёқуб Ҳайдарӣ — вазири кишоварзь ва обёрӣ, Маҳмуд Сайқал — вазири энержӣ ва манобеъи об. Пуштунҳо вазифаҳои калидии зеринро соҳиб шуданд: вазири дифоъ — Шермуҳаммад Каримӣ, раҳбари ВКД — Нур-ул-Ҳақ Улумӣ, вазири дороиҳо — Ғулом Ҷиланӣ Попал, вазири нафт ва маъодин — Довуд Шоҳ Саба, вазири бозсозӣ ва рушди рустоҳо — Носир Аҳмад Дуранӣ, вазири таълимоти олӣ — Хотира Афғон, вазири мубориза бо маводди мухаддир — Файзулло Какар, вазири умури марз ва қабилаҳо — Қамариддин Шинварӣ, вазири умури шаҳрҳо ва маскан — Шоҳ Заман Майвандӣ, раиси иктишофот — Раҳматулло Набил, раиси Бонки Марказӣ — Халиулло Содиқ.

Ҳазораҳо ва содот: Аббос Носир — вазири шуғли ҷамъиятӣ, Барно Каримӣ — вазири иртиботот ва текнологияҳои иттилоъотӣ, Саодат Мансур Нодирӣ — вазири кор ва таъмини иҷтимоӣ, Сайид Ҳуссайн Алами Балкҳӣ — вазири умури паноҳандагон ва муҳоҷират, Сардор Муҳаммад Раҳимӣ — вазири тиҷорат ва саноъат.

Ӯзбекҳо: Айсултон Хайрӣ — вазири иттилоъ ва фарҳанг, Сардор Муҳаммад Раҳмон Ӯғли — вазири иқтисод, Файзулло Закӣ — вазири нақлиёт. Вазифаи муъовини раиси ҷумҳурро низ ӯзбек Пбдул Рашид Дӯстум ишғол мекунад.

Вазифаи вазири умури мазҳабро туркман Фоиз Муҳаммад Осмонӣ ишғол кардааст.

Синну соли понздаҳ нафар номзадҳо ба курсии вазир камтар аз 50 сол аст. Дар ҳамин ҳол беш аз ними вилоёти Афғонистон бидуни намоянда дар ҳукумати ҷадид мондаанд, ки Ҳироти пешрафта аз ҷумлаи онҳост.

Ҳайъати ҳукумати ҷадид рӯзи душанбе, баъд аз се моҳи ба сари қудрат расидани Ашраф Ғанӣ эълом шуд. Дар бораи таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ Ғанӣ бо рақиби худ дар интихоботи раиси ҷумҳурӣ Абдулло тавофуқ карда баъд аз пирӯзӣ дар даври дуввум ба ӯ курсии нахуствазирро дод.

Лентаи хабарҳо
0