Дар Душанбе таъйини хутути марзиро баррасӣ мекунанд

© Flickr \ Lukas BergstromМарзи Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе нишасти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масоили таъйини хутути марзии ду кишвар, ки тӯли 12 сол ҳалли худро намеёбад, оғоз мешавад.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Масоили таъйини хутути марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз 15 то 17-уми январ дар Душанбе баррасӣ мешавад, хабар медиҳад ожонсии "Авасто".

Музокирот дар чорчӯби нишасти навбатии гурӯҳҳои корӣ барои таъйини хутути марзӣ баргузор мешаванд, ки дар кори он коршиносон ва муттахассисони ниҳодҳои мухталифи ду кишвар ширкат мекунанд.

Тибқи омори расмӣ тӯли хутути марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 987 км аст, ки аз он то ҳол беш аз 500 км таъйин шудааст.
Музокироти ҷонибҳо ҳанӯз соли 2002 оғоз шуда буданд, вале ҳукуматҳои ҳар ду кишвар то ҳол ин масоилро наметавонанд ҳал кунанд, ки дар пайи он дар манотиқи баҳс борҳо муноқишаҳо сар зада буд.

Ба иттилоъи расонаҳои тоҷикӣ, вазъ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар манотиқи вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон дар соли 2014 нигаронкунанда буд. Дар авоили моҳи декабри соли гузашта дар дидори мақомоти марзбонии ду кишвар низ вазъ дар минтақаи марзӣ чунин баҳогузорӣ шуда буд.

Тибқи иттилоъи Идораи марзбонии Қирғизистон дар ин минтақа дар соли гузашта 32 мавриди танишҳо сабт шудаанд, ки дар муқоъиса бо соли 2013 қариб ду маротиба бештар аст. Дар канори рух додани танишҳо, дар соли 2014 миёни ду кишвар 80 мулоқоти ниҳодҳои марзбонӣ сурат гирифтанд, ки дар онҳо масоили ҳалли танишҳои марзӣ баррасӣ шудаанд.

Даргирии ахири низомӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон 25 августи соли 2014 рух дод ва расонаҳои ду кишвар онро ба гунаи мухталиф шарҳ доданд.

Хабарнигорони қирғиз иттилоъ доданд, ки дар минтақаи Сойи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд марзбонони тоҷик талош карданд, ки дар минтақаи баҳсталаб гурӯҳи марзбонони қирғизро боздошт кунанд ва ҳамзамон сокинони рустои Овчи Қалъача аз ҷумлаи атбоъи тоҷик бо истифода аз эксковатор ба тахриби пул дар рӯдхонаи Ғулакандоз оғоз карданд, ки тавассути он шаҳрвандони қирғиз ба рустои Сой омаду рафт мекунанд. Ба ин далел даргирӣ рух дод ва ҷонибҳо аз силоҳ истифода карданд. Аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Тоҷикистон қазияро ин гуна шарҳ доданд, ки даргирӣ дар минтақаи Хоҷа Боқирхон рух додааст, ки атбоъи қирғиз қасд доштанд сохтмони пул дар рӯйи ин рӯдхонаро аз сар бигиранд, вале шаҳрвандони тоҷик талош мекарданд, ки аз ин амр ҷилавгирӣ кунанд. Дар пайи тирандозии марзбонони қирғиз панҷ сокини рустои Қалъача ва марзбонони тоҷик ҷароҳат бардоштанд.

Баъд аз ин қазия Муродали Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев, муъовинони нахуствазирони ҳар ду кишвар сари мизи музокирот нишастанд ва тавофуқ карданд, ки куллия ҳаводис дар марз аз моҳи январи соли 2014 таҳқиқ карда шаванд.

Ҳамзамон Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи нишасти гурӯҳҳои ҳукумати барои таъйини хутути марзӣ санадеро дар бораи сохтмони ҳамзамони роҳи мошингарди Кок-Тош — Оқ-Сой — Тамдык — Кишемиш имзо карданд.

Расонаҳои ҳар ду кишвар ҳамчунин хабар доданд, ки ҷонибҳо шакли чаҳоруми ҳалли мушкили роҳи мошингарди Исфара-Ворух (бидуни воридшавӣ ба рустои Оқ-Сой) коркард карда дар бораи сохтмони ду пул ва қисматҳои роҳи мошингради он тавофуқ карда тасмим гирифтанд, ки барои таъмини шароити мусоид барои сохтмони онҳо ва кӯч додани бунггоҳҳои марзӣ дар ин минтақа мусоидат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0