ВКД як нафарро ба иттиҳоми ташкили “Давлати исломӣ” дастгир кард

Обуна шудан
Боздоштшуда Ёрмаҳмад Сайфуллоев, сокини 45 солаи деҳаи Чиптаки ноҳияи Ваҳдат аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ғайриқонунӣ силоҳ гирифта, дар ҳайати гуруҳи ҷиноии “Намоз” ба латукӯб ва ғорати мардум даст мезад.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Як сокини ноҳияи Ваҳдат ба гумони ташкили давлати исломӣ ва ғароти амволи мардум аз сӯи вазорати корҳои дохила боздошт шудааст, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Ин ниҳод мегӯяд, боздоштшуда Ёрмаҳмад Сайфуллоев, сокини 45 солаи деҳаи Чиптаки ноҳияи Ваҳдат аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ғайриқонунӣ силоҳ гирифта, дар ҳайати гуруҳи ҷиноии "Намоз" ба латукӯб ва ғорати мардум даст мезад.

"Боздоштшуда ба баҳонаи ташкили ҷабҳа барои "Давлати исломӣ", бо зӯрӣ дар шаҳраки Обигарм, деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод, ноҳияи Ваҳдат, Ҳисор, ҷамоатҳои Роҳатӣ ва теппаи Самарқандии ноҳияи Рӯдакӣ ва маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе мардумро латукӯб намуда, молу амволашонро ғасб мекардааст", — бо такя ба вазорат менависад "Озодагон".

Феълан алайҳи Сайфуллоев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва вазорат аз шаҳрвандоне, ки аз дасти Сайфуллоев ҷабр дидаанд, хоҳиш намудааст ба мақомот муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0