Покистон ҳафт исломгарои ифротиро ба дор овехт

© Sputnik / Евгений Пахомов / Гузариш ба медиабонкПокистон. Акс аз бойгонӣ
Покистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асоси омори расмӣ бо эъдоми ин теъдод, шумори афроде ки аз моҳи декабр то кунун дар Покистон ба дор овехта шудаанд ба 16 нафар расидааст.

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Давлати Покистон субҳи сешанбеи 13 январ 7 нафар аз терористҳои маҳкум ба маргро ба дор овехт, хабар медиҳад Дойчи Велле.

Иҷрои ҳукм дар зиндонҳои мухталифи Покистон сурат гирифтааст.

Бар асоси омори расмӣ бо эъдоми ин теъдод, шумори афроде ки аз моҳи декабр то кунун дар Покистон ба дор овехта шудаанд ба 16 нафар расидааст.

Исламабад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Покистон ба ёди қурбониёни ҳамлаи Толибон 3 рӯз азои умумӣ мегирад

Давлати Покистон иҷрои ҳукми эъдомро омили муассир дар коҳиши сар задани ҷиноят дар ҷомеа медонад. Дар ин кишвар 6 сол муқаддам иҷрои ҳукми эъдом қатъ гардида буд.

Покистон пас аз шаш соли таваққуфи иҷрои ҳукми эъдом, аз моҳи декабр, пас аз ҳамлаи Толибон ба як мактаб дар шаҳри Пешовар бори дигар иҷрои ҳукми эъдомро аз сар гирифт.

Ин иқдоми Покистон интиқоди Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи Аврупоро барангехт. Ба рағми интиқодҳои байналмилалӣ, давлати Покистон эълом кард, ки тасмим дорад ҳукми эъдоми 500 ҷангҷуи маҳкум ба маргро иҷро кунад.

Ин тасмим вокуниш ба ҳамлаи хунини Толибон ба мактабе дар Пешовар андешида шудааст, ки дар пайи он 150 нафар кушта шуданд. Бештари қурбониёни ҳамлаи терористӣ донишомӯзон буданд.

Донишомӯзони ин мактаби вобаста ба артиш, пас аз чанд ҳафтаи таътил, рӯзи душанбеи 12 январ бори дигар ба мактаб бозгаштанд.

Сохтмонҳои омӯзишӣ дар Покистон акнун таҳти ҳифзи сарбозон, неруҳои пулис ё ғайринизомиёни давлат ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0