ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар хушкшавии шоҳбулутҳои Душанбе, ки аз кишвари Белгия оварда шуда буданд, ҷониби Ӯзбакистонро айбдор кард, менависад оҷонсии "Озодагон".
Толибҷон Раҳимов, сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар нишасти хабарие 13 январ эътироф кардааст, ки соли 2014 дар қаламрави пойтахт ҳазору чор адад шоҳбулут хушк шудааст.
Вай афзудааст, замони интиқоли ин дарахтон аз Аврупо ба пойтахти Тоҷикистон тавассути Ӯзбакистон, ин кишвар ба таъхиркорӣ роҳ дод, ки дар натиҷа решаи онҳо хушк гардида, насабзидаанд.
"Буҷаи Тоҷикистон аз хушкшавии шоҳбулутҳо зиён надидааст, зеро ширкате, ки ин дарахтонро фурӯхт, як сол кафолат дода буд. Аз ҳазору чор шоҳбулути хушкшуда то имрӯз 667 адади он барқарор шудааст", — меафзояд Раҳимов.
Ин мақомдор гуфтааст, Шоҳбулутҳои белгии хушкшуда баҳори соли сипаришуда бар ивази 22 миллион сомонӣ харидорӣ шуда дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе шинонда шуд, аммо аксаран хушк гардиданд ва онҳоро зуд аз реша тоза карданд.
Толибҷон Раҳимов афзуд, дар маҷмӯъ дар ҳудуди пойтахт беш аз 43 ҳазор ниҳол шинонда шудааст, ки 85 дарсади онҳо сабзидаанд.