ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Беш аз ҳазор "маъюби тақаллубӣ" дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ошкор ва аз феҳристи маълулон хориҷ шудаанд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".
Миралӣ Мирзоалиев — сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Кӯлоб рӯзи 13 январ дар нишасти хабариаш дар ин бора ҳарф задааст. Ӯ гуфтааст, дар пайи як санҷиш маълум кардаанд, ки 1 ҳазору 256 нафар худро ба таври ҷаълӣ ё тақаллубӣ ҳамчун маъюб номнавис карда, аз имтиёзҳо истифода мекардаанд.
Мирзоалиев афзудааст, аксари "маъюбони тақаллубӣ" дар идораву вазоратхонаҳо "одам" доштаанд ва бо истифода аз онҳо асноди маъюбиро таҳия кардаанд.