ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Як муаллифи нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон "Ҷумҳурият" пешниҳод кардааст, ки донишҷӯёну хонандагони макотиб дигар "галстук" набанданд, зеро бастани он "зарари иқтисодӣ дорад".
Муаллиф, ки ӯро рӯзнома ҳамчун М. Расулов аз шаҳри Чкалов муаррифӣ менамояд, дар идомаи матлабаш изҳор медорад, ки пеш аз истиқлолият анъанаи "галстукбандӣ" мавҷуд набуд. Ҳоло аст, ки бастани "галстук" дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба ҳукми зарурӣ даромадааст.
"Агар 2 миллион донишҷӯю хонанда, ҳол он ки шумораи онҳо хеле зиёд мебошанд, ҳатто ба қимати 5 сомонӣ барои худ галстук бихаранд, 10 миллион сомониро ташкил медиҳад. Намедонам, иқтисоддонҳо сари кадом масъалаҳо меандешанд. Чаро дар ин маврид изҳори андеша намекунанд? Ин миқдор пули кам нест. Он аз кишвар хориҷ мешавад", — менависад муаллиф.
Расулов дар интиҳои матлабаш гуфтааст, "беҳтар аст аз баҳри "галстук" бароем".
"Он ба фарҳанги миллии мо ҳам иртиботе надорад", — илова мекунад муаллиф.
Чунин пешниҳоде аз ҷониби як шаҳрванд дар нашрияи расмии Тоҷикистон бори аввал аст, ки садо медиҳад. Дар гузашта мансабдорони зинаҳои мухталифи кишвар бо ҷонибдорӣ аз сару либоси дунявӣ, ки "галстук" ҷузъе аз он аст, баромад карда буданд.
Дар моҳи марти соли 2013 Абдуҷаббор Раҳмонов, собиқ ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аз духтарони донишҷӯ ва муаллимаҳо тақозо карда буд, ки бо пойафзолҳои "иринка" ба дарсҳо ҳозир нашаванд.
Раҳмонов дар як суҳбат ба оҷонсии "Озодагон" дар ваҷҳи ин тақозо гуфта буд, ки Донишгоҳи омӯзгорӣ омӯзгор тарбия мекунад. Ба ин далел донишгоҳ наметавонад, он духтаронеро, ки бо либоси урён ё либоси хонаӣ ба дарсҳо меоянд, роҳ диҳад.
Дар гузашта Абдуҷаббор Раҳмонов ба ҳайси вазири маориф ба рӯйсарӣ ё ҳиҷоби духтарон дар мактабҳо "ҷанг" эълон карда, писаронро барои бастани галстук маҷбур карда буд. Ҳамчунин, дар даврони вазирии Раҳмонов аз ҷавонони донишҷӯ тақозо шуда буд, ки бидуни риш ба дарсҳо биёянд.