Суди олӣ ягон ҳукми сафед содир накардаст

© Sputnik / Амир ИсаевДодгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Суди олии Тоҷикистон дар соли гузашта 25 парвандаи ҷиноии марбут ба ҷараёнҳои экстремистии мазҳабиро баррасӣ карда ва ягон ҳукми сафед содир накардааст.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Суди олии Тоҷикистон дар соли гузашта 128 парвандаро ба баррасӣ гирифта, ягон ҳукми сафед содир накардааст, гуфтааст Нусратулло Абдуллозода, раиси Суди олӣ зимни нишасти хабарӣ, ки 12 январ баргузор шуд. Дар ин бораи оҷонсии "Авеста" хабар медиҳад.

Бо шумули бақия парвандаҳо, Додгоҳи олӣ соли гузашта 46 парвандаи ҷиноятиро баррасӣ карда, дар натиҷа 81 шаҳрвандро паси панҷара шинондааст.

Аз ин шумор ғайри ихтиёри Додгоҳи олӣ баррасии чаҳор парвандаи ҷиноятӣ қатъ шудааст. Яке ба далели фавти судшаванда, дигарӣ — ба далели гузаштани эътибори муҳлати содиршавии ҷиноят, дуи дигарро бошад айбдоркунандаи давлатӣ боз хондааст.

Дар ҳамин ҳол, Додгоҳи олӣ соли гузашта 25 парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба 35 айбдоршаванда ба экстримизро баррасӣ кардааст, хабар медиҳад оҷонсии "Азия плюс". Ин шумор 10 парванда ва 9 айбдоршаванда дар нисбати соли 2013 бештар арзёбӣ мешавад.

Дар маҷмуъ, дар соли 2014 аз ҷониби ҳамаи додгоҳҳои ҷумҳурӣ 125 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ, шаҳрвандӣ, маъмурӣ ва хонаводагӣ баррасӣ шудааст. Аз ин шумор 6,7 ҳазораш шикоят бурда шуда ва баъд аз баррасии шикоят 416 ҳалномаи судӣ бекор гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0