Душанбе, 12 янв — Sputnik. Гурӯҳи коршиносон, ки ба дастури вазорати молияи Юнон фаъъолият доштанд, дар гузорише эълом кардаанд, ки Олмон ба Юнон аз замони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ 11 миллиёрд юру бидеҳкор аст, навиштааст РИА Новости бо такя ба Der Spiegel.
Замоне, ки Юнон аз сӯйи неруҳои Олмони нозӣ забт шуда буд, мақомоти олмонӣ барои худ ва Итолиёи нозӣ 1,5 триллион драхми юнониро қарз гирифта буданд. Бозпас додани ин бидеҳӣ бояд баъд аз поёни ҷанг оғоз мешуд, вале натоиҷи он ба Ҳитлер ва Муссолинӣ имкон надоданд, ки ваъдаи худро иҷро кунанд.
Гузориши коршиносон, ки онҳо бар сараш тӯли се моҳ машғул буданд, рӯзи панҷшанбеи гузашта ба Вазорати молияи Юнон ироъа ва сипас он ошкор шуд. Бо вуҷуди ин, бархе аз сиёсатмадорони юнонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди нерӯҳои чапгаро (СИРИЗА) ҳамакнун иддаъо доранд, ки ин бидеҳӣ бояд бозпас дода шавад, навиштааст манбаъ.
Тибқи иттилоъи расонаҳои юнонӣ, худи коршиносон далоили кашф кардаи худро "қотеъ" дониста, натоиҷи онро "баҳсбарангез" шумурдаанд, зеро дар сурати ироъаи даъво ба Олмон, имкони баргардонидани онҳо чандон "тахаюллӣ" набудааст, — навиштааст маҷалла.
Дар ҳамин ҳол коршиносон таъкид мекунанд, ки бидеҳиҳои иҷборӣ бояд бидуни мушшахасоти ҷуброни қазияҳои ҷангӣ баррасӣ шаванд. Тибқи бархе аз шумориш, Олмон ба Юнон барои амалиёти Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бояд беш аз 100 милёрд юру ҷуброн пардохт кунад.
Дар ҳоле, ки пардохти қаромати ҷангӣ баҳсбарангез ба назар мерасад, вале ба эътиқоди таърихшиносон ва иқтисоддонҳо талаби бозпасдиҳии бидеҳиҳои иҷборӣ қонунӣ аст, — навиштааст маҷаллаи олмонӣ.
Бидеҳиҳои хориҷии Юнон 318 милёрд юру аст, ки муъодили беш аз 17 дарсади Мизони тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар мебошад. Тибқи ду барномаи кӯмак Юнон аз соли 2010 бад ин сӯ бар ивази иттихози сиёсати шадиди сарфа ва ислоҳот беш аз 240 миллиёрд юру кӯмакпулӣ гирифтааст. Куллия аъмоли худ дар иқтисодро ҳукумати Юнон бо бидеҳкорон ҳамоҳанг мекунад. Иқтисоди Юнон баъд аз шаш сол ба эҳё рӯй овард ва дар соли ҷорӣ рушди шохисҳои иқтисодӣ дар назар аст.
Вале рӯзҳои ахир Юнон бо хатари бӯҳрони сиёсӣ рӯбарӯ шудааст — порлумон наметавонад раиси ҷумҳурро интихоб кунад ва агар ин амр барои бори севвум имконпазир нашавад, Юнон бояд интихоботи қабл аз мӯҳлат баргузор кунад. Тибқи назарсанҷиҳо, дар ин интихобот эҳтимол дорад СИРИЗА пирӯз шавад, ки ба мардум сиёсати ҷадиди иқтисодиро пешниҳод мекунад.