ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Соли гузашта ҳар рӯз қариб 40 зан дар Тоҷикистон мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.
Бар пояи омори расмӣ, дар соли 2014 наздики 32 ҳазор ташхиси тиббию додгоҳии латукӯби шаҳрвандон сурат гирифтааст ва беш аз 15 ҳазори онро ташхиси занҳое ташкил медиҳад, ки баъд аз зӯроварии хонаводагӣ ба марказҳои тиббиву додгоҳӣ муроҷиат кардаанд. Аммо шумори занҳое, ки бо санади ташхис ба додгоҳ муроҷиат кардаанд, хеле кам аст.
Яке аз онҳо Мавлуда, сокини 36-солаи шаҳри Душанбе, ҳарчанд бори сеюм мавриди латту кӯби шадиди шавҳараш қарор гирифт, мегӯяд, ки ба хотири ҳифзи хонаводааш ба додгоҳ шикоят набурдааст. Ӯ ҳоло дар яке аз беморхонаҳои пойтахт бистарист.
"Ҳомила будам. Чун дар шикамам бо шатта зад, аз ҳуш рафтам. Вақте ба ҳуш омадам, худро дар беморхона дидам. Ба ташхиси духтурон шояд дигар ман фарзанд таваллуд карда натавонам",- гуфтааст ҳамсӯҳбати радио.
Мавлуда мегӯяд, акнун хулосаи ташхиси судиро дар даст дорад ва дар сурати боз ба сараш мушт бардоштани шавҳар ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд, яъне, ба хотири ҳифзи хонавода ба ӯ боз як шонси ислоҳ шуданро медиҳад.
Раиси Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию додгоҳӣ Яҳёҷон Одинаев мегӯяд, агар чанд соли пеш занҳо фақат бо роҳхати мақомоти интизомӣ метавонистанд ташхиси тиббӣ анҷом диҳанд, ҳоло онҳо имкони бидуни роҳхат ташхис шуданро доранд.
"Занҳо ташхиси тиббию судӣ анҷом медиҳанд, вале ба милиса хабар намедиҳанд, ки шиканҷа шудаанд. Хулосаи тиббию судиро пеши худ нигоҳ медоранд. Ба шавҳаронашон мегӯянд, дар сурати такроран латукӯб карданашон ташхисро ба додгоҳ пешниҳод мекунанд",- илова кардааст Одинаев.
Ба қавли ӯ, ташхиси тиббию додгоҳӣ барои занон дар Тоҷикистон комилан ройгон аст.
Тибқи иттилои расмӣ дар соли 2014 наздики 32 ҳазор ташхиси тиббию додгоҳии латукӯби шаҳрвандон сурат гирифтааст. Беш аз 15 ҳазори онро ташхиси занҳое ташкил медиҳад, ки баъд аз зӯроварии хонаводагӣ ба марказҳои тиббиву додгоҳӣ муроҷиат кардаанд.