Душанбе, 12 янв — Sputnik. Абдуғаффор Азиз Раҳмонзода, мири шаҳри Кӯлоб ба сифати номзад дар ҳавзаи якмандатии интихоботии №37 Ҳизби халқии демократии Тоҷикиситонро намояндагӣ хоҳад кард, менависад сомонаи ҲХДТ.
Абдуғаффор Раҳмонозада бо фармони президенти Тоҷикистон аз 5 январи соли 2012 раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардидааст. Қаблан, дар вазифаҳои муовини раиси вилояти Хатлон, муовини вазири рушди иқтисод, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол кор кардааст. Дар сурати интихоб шуданаш ба вакилии парлумон мансаби мири шаҳри Кӯлобро канор хоҳад гузошт. Ҳавзаи мазкур (№37)-ро дар даъвати кунунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ узви ҲХДТ Амирхон Сафаров намояндагӣ мекунад.
Зимнан, Ҳаёт Одинаев, собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи аз ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҳисоби ҲХДТ номзад ба вакилӣ пешниҳод шудааст.
Бино ба иттилои Усмон Солеҳ, раҳбари шӯъбаи иттилоот ва таҳлили ҲХДТ, номзадии Ҳаёт Одинаев дар ҷаласаи Комиҷроияи ҲХДТ дар ин ноҳия ва номзадии Раҳмонозода дар Кӯлоб тасдиқ шуд. Ҳаёт Одинаев, аз соли 2005 то 2008 декани факултети иқтисоди ва идораи Донишгоҳи миллӣ, аз соли 2008 то соли 2011 вакили Маҷлиси намояндагон буд. Моҳи декабри соли 2011 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таин шуд, моҳи августи соли 2012 аз мақомаш барканор шуд.
Усмон Солеҳ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҲХДТ номзадҳои худ аз 4 ҳавзаи шаҳри Душанберо муайян намудааст, иттилоъ медиҳад оҷонсии TojNews.
"Аз ҳавзаи Исмоили Сомонӣ Гулнора Бобоева, сардори раёсати илму маърифати дастгоҳи иҷроияи президент, аз ҳавзаи Сино, Ҷамшед Саидов, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аз ҳавзаи Шоҳмансур, Сӯҳроб Шарипов, вакил ва аз ҳавзаи Фирдавсӣ Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод шудаанд",- афзуд манбаъ.
Инчунин, аз ҳавзаи Бобоҷон Ғафуров номзадии Мавлуда Қаландарзода, муовини раиси Шӯрои адлия, аз ҳавзаи Ваҳдат номзадии Ҷамшед Муртазоқулов, устоди Донишгоҳи миллӣ пешниҳод шудаанд.
Ба гуфтаи Усмон Солеҳ дар назар аст, ки аз ҳавзаи Панҷакент Хусрав Абдуназаров, роҳбари ин шаҳр номзад шавад.
Дар палатаи поёнии парлумони кунунии Тоҷикистон аз 63 курсии вакилӣ 55-тои он ба ҳизби ҳокими ҲХДТ рост меояд. Тибқи қонунгузории ҶТ оид ба интихобот ба МН-и МО 42 вакили парлумон аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 21 депутат тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон қарор аст, аввали моҳи марти соли равон баргузор шавад.