Қатли як нафар бо истифода аз ноқили барқӣ дар Суғд

Обуна шудан
Сокини шаҳри Исфара, ки ҳамдеҳаи худро ба ҳалокат расонида буд, аз ҷониби мақомоти умури дохила боздошт гардид.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Сокини 43-солаи ноҳияи Исфари вилояти Суғд, ки бо истифода аз ноқили барқӣ ҳамдеҳаашро ба қатл расонида буд, дастгир шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД.

"Бадриддин Шаропов, сокини ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара дар хонаи истиқоматиаш, аз сабаби хусумати шахсӣ бо истифода аз ноқили барқӣ гулӯи шаҳрванд Басирҷонзода Хизвалоҷони 19-соларо буғӣ намуда, ба ҳалокат мерасонад",- омадааст дар хабари сарчашма.

Ба иттилои ВКД ин ҳодиса шоми 7-уми январ рух додааст.Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 (куштор) КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0