Марги ду нафар дар пайи садамаи мошини бетономезӣ

© Sputnik / Ёкуб ХалимовДТП на дороге Душанбе- Куляб 9 января. Фото с места события
ДТП на дороге Душанбе- Куляб 9 января. Фото с места события - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар нақли шоҳидони ҳодисаи садама, мошин дар қитъаи нишебии роҳ ҳаракат мекард ва тормозҳояш аз кор мебароянд. Ронанда ба хотири таваққуф додани мошин, амдан ба дарахтҳои канори роҳ меронад.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар пайи садамаи мошини бетономезӣ, ки 9-уми январ дар рӯ ба рӯи деҳаи Холмуроди ноҳияи Ваҳдат рух дод, ронанда ва мусофири он ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

Ин мошин аз самти нақби "Озодӣ", дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб ҳаракат мекард. Ба иттилои сомонаи ВКД, рақами қайди давлатии мошини бетономезӣ 729 ХК 01 буда, ронанда Хуршед Бобоев, соли таваллудаш 1984 ва мусофир Муслиҳиддин Маҳмадшоев, соли таваллудаш 1989, ҳар ду сокини шаҳри Душанбе, дар пайи садама ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Бино бар нақли шоҳидони ҳодисаи садама, мошин дар қитъаи нишебии роҳ ҳаракат мекард ва тормозҳояш аз кор мебароянд. Ронанда ба хотири таваққуф додани мошин, амдан ба дарахтҳои канори роҳ меронад. Аммо мошин таваққуф накарда, ба садама дучор мешавад.

Пораҳои мошини бетономезӣ баъд аз ду рӯзи садама, шоми 11 январ тавассути нақлиёти хидматии неругоҳи "Роғун" ҷамъоварӣ шуданд.

Аммо дар хабари сомонаи ВКД зикр нашудааст, ки оё мошини ба садама дучоршуда ҳам марбути неругоҳи "Роғун" будааст ё на.

Лентаи хабарҳо
0