Нархи барқ дар Қирғизистон пойин меравад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкФонусҳои рӯшноидиҳанда
Фонусҳои рӯшноидиҳанда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Қирғизистон эълон карданд, ки аз моҳи феврал нархи нирӯи барқро барои аҳолӣ ва корхонаҳои ин кишвар тақрибан 20 % пойин хоҳанд овард. Аммо барои онҳое, ки камтар аз 700 киловатт-соат нирӯи барқ истифода мебаранд, арзиши барқ 70 тин барои ҳар киловатт боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Аз моҳи феврал нархи нирӯи барқ дар Қирғизистон коҳиш меёбад, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон дар истинод ба Нурбек Элебоев, раиси Агентии давлатии танзими бахши маводи сӯхту энержии Қирғизистон.

"Аз 1 феврал барои хонаводаҳо ва корхонаҳое, ки беш аз 700 киловатт-соат нирӯи барқ истифода мебарад, қимати ҳар киловатт-соат ба ҷои мутаносибан 2 сому 5 тин ва 2 сому 19 тин — 1 сому 82 тин ва 1 сому 97 тинро ташкил хоҳад дод",- гуфт Элебоев аснои сӯҳбат бо хабарнигорон.

Ба қавли ӯ, ин тасмим ба коҳиш ёфтани ҳаҷми нирӯи барқи воридотӣ аз Қазоқистон бастагӣ дорад.

Аммо барои онҳое ки камтар аз 700 киловатт-соат нирӯи барқ истифода мебаранд, ба гуфтаи ин мақом, нархи нирӯи барқ ҳамон 70 тин барои ҳар киловатт боқӣ мемонад.

Қирғизистон дар фасли сармо аз Қазоқистон нирӯи барқро ба қимати 5 сому 61 дирам барои ҳар киловатт ворид мекунад, вале ба аҳолӣ ва корхонаҳояш ҳатто дар ин фасли сармо бо нархи то 3 баробар арзонтар мефурӯшад.

Қирғизистон дар оғози солҳои 2000 мисли Тоҷикистон дар чанги бӯҳрони шадиди энержӣ қарор дошт ва маҷбур буд, дар фасли сармо дар кишвар лимит ҷорӣ кунад. Қатъ шудани содироти гази Ӯзбакистон ба азоби мардум ва корхонаҳои ин кишвар низ афзуда буд. Аммо баъди "инқилоби лолаҳо"-и соли 2010 ва рӯи кор омадани ҳукумати демократӣ Бишкек тавонист масъалаи камбуди нирӯи барқу газро аз ҳисоби азсаргирии воридоти газ аз Ӯзбакистон ва воридоти барқ аз Қазоқистон ба сурати умум ҳал кунад.

Ҳоло дар Қирғизистон лимити барқ вуҷуд надорад ва фарқ танҳо дар нархгузорист. То 700 киловатт-соат нирӯи барқ бо як нархи арзон, яъне 70-тинӣ ҳисобу китоб мешавад ва аз он бештараш — бо нархи тақрибан 2,5 маротиба болотар. Аммо аҳолӣ бо вуҷуди аз байн рафтани лимит боз ҳам шикоят дорад, ки 700 киловатт-соат нирӯи барқ танҳо барои таъмини ниёзҳои муҳими рӯзгор, чун рӯшан кардани хонаву телевизор ва яхдону дарзмол кифоят мекунад ва барои мисол, бо он наметавон бухории барқиро ҳам даргиронд.

Аммо дар Тоҷикистон, ки ҳар фасли зимистон ба як лимити шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад, нархи ин навъи энержӣ пайваста боло меравад. Бори охир ширкати "Барқи Тоҷик"- фуруӯшандаи инҳисории нирӯи барқ дар Тоҷикистон — нархи онро 1 июли соли 2014 боло бурда буд. Бино ба нархномаи нави ин ширкат нархи нирӯи барқ дар кишвар 15 дарсад боло рафта, мардум ба ҷои 11 дирам барои ҳар киловатт-соат нирӯи барқ 12,6 дирам  ва корхонаҳо барои ҳар киловатт-соат 30,6 дирам пардохт хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0