ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Директори Агентии «Тоҷикстандарт" Бахтиёр Шукурзода, имрӯз, 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ба далели саривақт пешниҳод нашудани ҳисобкунакҳо аз ҷониби "Барки тоҷик" нақшаи санҷиш иҷро нагардид, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Озодагон".
Ҳамзамон, Ҷӯрахон Раҳимов, сардори Раёсати таъминоти метрологӣ, воситаҳои ченак ва акредитатсияи Агентӣ иброз доштааст, ки ҳисобкунакҳои якфаза бояд дар 8 сол ва ҳисобкунакҳои сефаза дар чор сол як бор бояд аз санҷиш гузаронда шавад.
"Пешниҳоди ҳисобкунакҳои барқӣ ба ӯҳдаи "Барқи тоҷик" аст, вале дида мешавад, ки худи муштариён ҳисобкунакҳои барқии худро гирифта, ба Агентӣ барои санҷиш меоранд",- илова кардааст Раҳимов.
Ба иттилои "Тоҷикстандарт" тибқи нақша бояд "Барқи тоҷик" моҳе 414 ҳисобкунаки сефазагӣ ва 8 ҳазору 337 адад ҳисобкунаки якфазагӣ барои санҷиш пешниҳод мекард, аммо онро амалӣ накард.
"Яке аз мушкилоте, ки ба таъмини саросарии ченаки ягона дар кишвар таъсири манфӣ расонида, ба талафоти нерӯи барқ мусоидат менамояд, ин иҷро нагардидани нақшаи санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ мебошад.Тибқи стандартҳои байналмилалӣ аз се як ҳиссаи талафоти барқ ба санҷиш накардан ва ё корношоям будани воситаҳои ченак вобастагӣ дорад",- иброз доштанд масъулини Агентӣ.
Масъулони "Тоҷикстандарт" инчунин таъкид намуданд, ки дар шабакаҳои барқи Душанбе навъҳои воситаҳои ченаке истифода мешаванд, ки дар Феҳрасти давлатӣ ба қайд гирифт нашудаанд: "Яъне бе иҷозати расмӣ барои истифода дар қаламрави Тоҷикистон солҳост, ки кор фармуда мешаванд, ки ин хилофи талаботи қонун "Дар бораи таъмини ченаки ягона" мебошад".
Тибқи иттилои расмӣ дар Тоҷикистон 1 миллиону 146 ҳазору 196 муштарӣ ҳисобкунаки барқии якфаза ва аз 26046 муштарӣ ҳисобкунаки сефаза доранд.