Дарвозабони тими мунтахаби Қирғизистон дар “Хуҷанд” бозӣ мекунад

© wikimedia.orgФутбол. Акс аз бойгонӣ
Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дарвозабони мунтахаби миллии футболи Қирғизистон имкон дорад, карераи бозигарии худро дар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд идома диҳад.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Валерий Кашуба, дарвозабони дастаи яккачини Қирғизистон аз ин ба баъд дарвозаи "Хуҷанд"-ро ҳимоя хоҳад кард, омадааст дар хабари сомонаи ФФТ.

"Ҳоло Кашуба дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми "Осоишгоҳи Баҳористон дар ҳайати "Хуҷанд" бозӣ дорад, ки ин сабқат аз 13 то 25-уми январ идома мекунад",- гуфт Нӯъмонҷон Юсупов, сармурабии тими "Хуҷанд". 

Агар марҳилаи азназаргузариро дарвозабони мунтахаби миллии Қирғизистон бомуваффақият сипарӣ намояд, он гоҳ бо ӯ шартнома баста мешавад.

Гуфтанист, дарвозабони 30-солаи қирғизистонӣ, ки мавсими соли гузаштаи футбол дар «Алай»-и вилояти Оши Қирғизистон бозӣ мекард, омодагии пешазмавсимии худро дар ҳайати «Хуҷанд»-и Хуҷанд мегузаронад. Кашуба қаблан дар дастаҳои «Дордой», СКА-ПВО, «Абдиш-Ата» ва  «Олға»-и Қирғизистон бозӣ кардааст. Дар мавсими футболи солҳои 2011-2012 бошад, ӯ дар ҳайати «Ак-Булак»-и Қазоқистон, ки дар лигаи якуми ин кишвар баромад мекунад, бозӣ мекард.

Валерий Кашуба  дар ҳайати мунтахаби миллии Қирғизистон дар 11 бозӣ иштирок намудааст.

Лентаи хабарҳо
0