Писари Ҷеки Чан шаш моҳ зиндон мешавад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМусоҳиба бо Ҷеки Чан дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Мусоҳиба бо Ҷеки Чан дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли 2009 Ҷеки Чан сарвари Кумитаи миллии мубориза бо маводи нашъадори Чин таъин шуд ва вазифаи ӯ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ дар бораи зарари мухаддирот маҳсуб мегардид.

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Рӯзи ҷумъа,  додгоҳи Пекин фарзанди ҳунарманди маъруф Ҷеки Чанро барои 6 моҳ равонаи зиндон кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Моҳи декабр дар нисбати Ҷеймс Чани 32-сола бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ айб эълон шуда буд. Мурофиаи додгоҳи 1,5 соат идома кард.

"Ӯ ҳукм гирифт. Шаш моҳ ба ҳабс гирифта мешавад ва муваззаф шудааст, ки ҷарима дар ҳаҷми ду ҳазор юан (муодили 320 доллари ИМА)-ро супорад",- менависад Франс Пресс дар такя бо қарори додгоҳ.

Ҷейси Чан, ҳамзамон маъруф бо номи Фан Тзумин моҳи сентябри соли гузашта ҳамроҳ бо дӯсти 23-солааш Ке Чжендун, ҳунарманди тайванӣ боздошт гардида буд.

Ташхиси тиббӣ маълум кард, ки онҳо нашъа истеъмол мекардаанд. Баъдан, аз манзили истиқоматии Ҷейси пулис ҳудуди 100 грамм мухаддирот дарёфт кард.

Си Тзинпин, роҳбари давлати Чин ҳанӯз моҳи июн эълом дошт, ки кишвараш дар нисбати одамоне, ки бо нашъа сарукор доранд, шадидтарин ҳукмро амалӣ хоҳад кард.

Соли 2009 Ҷеки Чан сарвари Кумитаи миллии мубориза бо маводи нашъадори Чин таъин шуд ва вазифаи ӯ баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ дар бораи зарари мухаддирот маҳсуб мегардид. Дар робита ба боздошти писараш ӯ бо изҳороти расмӣ баромад карда, масъулияти ин амалро ба зиммаи худ гирифт.

Дар ҷумҳурии Чин ҷиноёти марбути нашъа ҷазои сангинеро дар пай дорад, дар баъзе ҳолатҳо ҳукми қатл низ пешбинӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0