ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Владимир Путин, президенти Русия дар назарсанҷии "Рейтинги нухбагони Русия дар соли 2014" барои даҳумин бор баранда шудааст, хабар медиҳад Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум (МУОАУ).
Қайд мегардад, ки теъдоди бештари пурсидашудагон аз Владимир Путин ҳимоят карда, дар қиёс ба соли гузашта зиёдтар раъйи мусбат додаанд. Райисҷумҳури Русия бо касби 81 дарсади ҷонибдорон (ин рақам соли гузашта 66 % —ро ташкил медод) дар садри ҷадвали нухбагон қарор гирифтааст. Дмитрий Медведев бо 28 % (соли 2013 — 36 дарсад) ва Сергей Шойгу бо 26 % (дар соли 2013 — 43 дарсад) зинаҳои баъдии "нухбагони ФР"-ро ишғол мекунанд.
Назарсанҷӣ аз ҷониби МУОАУ (Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум) рӯзҳои 13-14 декабри соли 2014 баргузор шуда, зимни он 1600 нафар аз 46 манотиқи Русия пурсида шудаанд. Суоли пешниҳодшуда "барои Русия дар марҳилаи феъли кадоме аз нухбагон хидмати бештар кардааст" буд. Дар рӯйхати ниҳоӣ исми 80 нафар ҷо гирифтааст.
Ба қавли манбаъ, дар феҳрасти даҳгонаи аввал ҳамчунин номҳои Сергей Лавров, вазири умури хориҷа (21 %), Владимир Жириновский, пешвои ҲЛДР (15 %), Алла Пугачёва (11 %), Геннадий Зюганов, раиси ҲК (8 %), Никита Михалков (7 %), Иосиф Кобзон (7 %) ва Андрей Малахов (7 %) мавқеъ доранд.