Маркази исломӣ ба дархости ҷиҳод дар Тоҷикистон посух дод

© SputnikВазъият дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Вазъият дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Ҷиҳоди эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност. Пас, ин ифротиёни хоин бояд дар тафаккур ва андешаи худ ҷиҳод бикунанд!”, - ҳамчунин зикр шудааст дар баёния.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз дархости ахири ҷангҷӯёни тоҷики гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" барои ҷиҳод дар кишвар изҳори нигаронӣ кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

"Дар кишваре, ки зиёда аз 99 дарсади онро мусулмонон ташкил медиҳанд, чӣ гуна "муҷоҳид"-е (ва он ҳам ҳамватани мо) метавонад "ҷиҳод" бикунад? "Ҷиҳод" бо кӣ мекунанд? Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст, ки нисбат ба як кишвари дорои беш аз ҳашт миллион мусулмон ҳукм намоянд?!", — омадааст дар баёния.

Ахиран, ба Интернет наворе роҳ ёфт, ки дар бораи дархости ҷангҷӯёни тоҷик дар Ироқ аз Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии ДИИШ барои ҷиҳод дар Тоҷикистон қисса мекунад. Дар ин навор як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз худ Абӯ Умариён ном мебарад, мегӯяд, онҳо аз Бағдодӣ дархост кардаанд, барои ҷиҳод дар Тоҷикистон иҷоза диҳад. Вале ба гуфтаи онҳо, дар посух омадааст, ки ҳоло каме сабр кунанд.

Маркази исломии Тоҷикистон дар баёнияаш мегӯяд, ин гуна дархост хоси террористон буда, "ин афрод ҳаргиз аз дину ойини хеш дарак надоранд".

"Ҷиҳоди эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност. Пас, ин ифротиёни хоин бояд дар тафаккур ва андешаи худ ҷиҳод бикунанд!", — ҳамчунин зикр шудааст дар баёния.

Маркази исломии Тоҷикистон дар идома гуфтааст, нишонаи имондории шахс дӯст доштани Ватан аст ва ин ҳам дар Қуръони карим ва ҳам дар суннати расули Худо борҳо таъкид шудааст.

"Дар ҳоле ки ин гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" худ муҳимтарин аҳкоми шариати исломиро риоя намекунанд, чӣ гуна метавонанд аз боби ҷиҳод ҳарф бизанад?", — мегӯяд Маркази исломӣ.

Дар охир аз сокинони кишвар даъват шудааст, бо дарназардошти ҳамаи ин хатарҳо ва падидаҳои номатлуб, падару модарон ва дар маҷмӯъ ҷомеаро мебояд, дар ин самт бетараф набошанд ва ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон иқдом кунанд.

Лентаи хабарҳо
0