11 нафар дар садамаи автомобилӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳалок шуданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкДарёи кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Дарёи кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин афрод савори мошини "Старекс" аз Мастчоҳи нав ба деҳаи Роғ ва Палдораки Кӯҳистони Мастчоҳ мерафтанд, ки дар деҳаи Лангар ба ин ҳодиса рӯбарӯ шудаанд. Ҳанӯз сабаби аслии ин воқеа рӯшан нашудааст.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Соати тақрибан 3-и шаби 7-уми январ 11 нафар сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ савори мошини "Старекс" ба сойи Яхруд сарозер шуданд, ки дар натиҷа ҳамагӣ ҷон бохтаанд, бо такя ба дастгоҳи ҳукумати ин ноҳия хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Ба навиштаи "Озодӣ", ин афрод савори мошини "Старекс" аз Мастчоҳи нав ба деҳаи Роғ ва Палдораки Кӯҳистони Мастчоҳ мерафтанд, ки дар деҳаи Лангар ба ин ҳодиса рӯбарӯ шудаанд. Ҳанӯз сабаби аслии ин воқеа рӯшан нашудааст. Аммо наздикони фавтидагон гуфтаанд, ки ҳангоми ҳаракат дар ин роҳ дар соати 3-и шаб, ронандаро хоб бурдааст ва мошин бероҳа шуда, ба сойи баландиаш 50 метр сарозер шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса намояндагони шӯъбаи умури дохила, идораи ташхис, додситонӣ ҳузур доранд ва сабабҳои садамаро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Лентаи хабарҳо
0