ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Теъдоди тарбиягирандагони парваришгоҳҳои кишвар тайи як соли ахир 2000 нафар зиёд шудааст, менависад оҷонсии маҳаллии "TojNews".
Шумораи умумии таълигирандагон дар интернатҳои кишвар бошад 11569 нафарро ташкил медиҳад, ки ин дар қиёс ба соли гузашта 2000 нафар бештар аст.
Ба иттилои Нуриддин Саид, вазири маориф ва илмии ҶТ, дар ҳоли ҳозир дар саросари кишвар 85 мактаб-интернат фаъолият мекунад, ки аз онҳо 14-тоаш ҷумҳуриявӣ, 29-то парваришгоҳ дар назди мактаб, 29-интернати шаҳрӣ ва 5 адад хонаи кӯдакон мебошанд.
Дар ин муассисаҳо кӯдакон аз хонаводаҳои нодор, талабаҳои бесаробон ва атфоли имконияти ҷисмониашон заиф таълиму тарбия мегиранд. Аз ин шумора, 304 кӯдакон умуман бесаробон буда, 480 нафари онҳо модар надоранд. 2463 тифл бе падар ва 2289 тани дигар имконияташаон маҳдуд мебошанд.