Сафири Покистон дар Душанбе иваз шуд

© PixabayПарчами Покистон
Парчами Покистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Покистон сафири навтаъинро ба ҳузур пазируфта, таъкид намудааст, ки зимни фаъолияташ дар Душанбе асосан ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунад.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Покистон сафираш дар Тоҷикистонро иваз кард, хабар медиҳад сомонаи покистонии Daily Times.

Мамнун Ҳусейн, раисиҷумҳури Покистон рӯзи сешанбеи 6 январ Тариқ Иқбол Сумро дар Душанбе сафир таъйин кардааст. Ба иттилои ин сомона, раисиҷумҳури Покистон сафири навтаъинро ба ҳузур пазируфта, таъкид намудааст, ки зимни фаъолияташ дар Душанбе асосан ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунад.

Ин дар ҳолест, ки Исломободу Душанбе лоиҳаҳои муштарак дар умури интиқоли барқ, нақлиёт, коркарди нафт ва амнияти ғизоиро рӯи даст гирифтаанд.

Сафири навтаъин дар Душанбе Амҷад Ҳусейнро иваз хоҳад кард, ки аз тобистони соли 2012 то ҳол сафири Покистон дар Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0