Кашф ва мусодираи ҳашиши зиёд дар ноҳияи Мастчоҳ

© SputnikВазъият дар Ӯш. Акс аз бойгонӣ
Вазъият дар Ӯш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд қасд доштанд миқдори зиёди нашъаро ба хориҷ аз кишвар интиқол диҳанд, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ боздошт шуданд.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар лдар наоҳияи Мастчоҳ аз қочоқчиён беш аз 9 килограмм ҳашишро мусодира карданд, менависад сомонаи АНМН.

Ба қавли манбаъ, аз боздоштшудагон як адад сумкаи варзишӣ мусодира гардид, ки дар дохили 9 дона баста бо маводҳои фишурдашудаи росткунҷашакли бӯи махсус дошта мавҷуд буд. Шӯъбаи ташхиси криминалистии Агентӣ дар вилояти Суғд муайян намуд, ки маводи мусодирашуда ҳашиш буда, вазни он 9 кг 176 граммро ташкил медиҳад.

"Боздоштшудагон дар тафтишоти пешакӣ нишондод доданд, ки ният доштанд маводи нашъаовари ҳашишро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳанд",- меафзояд манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ ("муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон") оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Лентаи хабарҳо
0