ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Ҳалқаи тиллоии бо дарозии бештар аз 5 километр ва бо арзиши 6 миллион доллар дар шаҳри Дубай сохта шудааст, бо такя ба нашрияи аморатии The National хабар медиҳад РИА Новости.
Эҳтимол меравад, ки ин ҳалқаро ҳамчун дарозтарин маснуоти заргарии аз тилло сохташуда ба китоби рекордҳои Гиннес ворид кунанд.
Барои сохтани ин ҳалқа 100 нафар заргар давоми 45 рӯз кор кардаанд.
Ҳалқа аз 4 миллион қитаоти тиллои 22 қирота иборат аст. Дарозии дақиқи вай 5,52 километр буда, расо 256 килограмм вазн дорад.
Ин маснуоти заргарӣ ба муносибати 20-умин фестивали тиҷоратӣ дар Дубай сохта шудааст, ки зимни ин фестивал ба харидорон дар мағозаву марказҳои савдо то 70% тахфифи молу маҳсулот ва бурди туҳфаҳо пешниҳод мегардад.
Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ин офаридаи заргарон бубинанд. Ҳалқаи дарозтарин дар қисмати қадими шаҳри Дубай, дар бозори тиллофурӯшие, ки байни сайҳон машҳур аст, қарор дорад.
Баъз аз дарёфти рекорди ҷаҳонӣ, ҳалқаро қисм-қисм хоҳанд фурухт. Ба ҳар кадом дастбанд ва ё ҳалқае, ки фурухта хоҳад шуд, рамзи вижае ҳаккокӣ мегардад, ки собит кунад ин маснуоти заргарӣ шомили Китоби рекордҳои Гиннес аст.
Дар соли 1999 зимни фестивали тиҷоратӣ дар Дубай ҳамчунин ҳалқаи тиллоӣ бо дарозии рекордии 4,28 километр сохта шуда буд.