ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Қонуне, ки бар тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ барои нақзи реҷаи муҳоҷират то 10 соли дигар наметавонанд вориди Русия шаванд, 12-уми январ ба қувваи амал медарояд, мегӯянд масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон.
Санад пеш аз таҷлили Соли нав аз ҷониби Владимир Путин, райисҷумҳури Русия ба тасвиб расида буд.
Афроде, ки бештар аз 180 рӯз бе санади зарурӣ дар Русия ба сар бурдаанд, ба мӯҳлати панҷ ва онҳое, ки аз нӯҳ моҳ бештар дар Русия ғайриқонунӣ будаанд, ба муддати 10 сол хориҷ карда мешаванд.
Ба иттилои Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, тайи нӯҳ моҳи соли гузашта барои нақзи меъёрҳои иқомат 141 муҳоҷири тоҷикистонӣ аз қаламрави Русия ихроҷ карда шудаанд. Теъдоди умумии ихроҷшудагон аз ҶТ бошад, дар маҷмӯъ 9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.