Душанбе, 6 янв — Sputnik. Созмони радикалии "Бахши рост" ё ба истилоҳ "Правий сектор" хидмати аъзоёнашро дар артиши Украина ба таври шартномавӣ рад кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба суханони Юрий Бирюков, мушовири президенти он кишвар.
"Ман, шахсан худам ба "Правий сектор" пешниҳоди қонунан амал карданро пешниҳод сохтам. Шеваҳои гуногун барои онҳо ироа гардид, аз ҷумла хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ба таври шартномавӣ. Аммо онҳо ҳамаи инро нодида гирифтанд, яъне рад карданд",- гуфт Бирюков.
Ба қавли мушовири президенти Украина, фаъолияти гӯё қонунии ихтиёриёни "Правий сектор" ва бо ин ҳол ба касе тобеъ набудану мустақилона амал кардан- "аз воқеъият дур будан" аст.
Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки "Правий сектор" бо Вазорати дифои Украина лоиҳаи муштаракеро барои созмон додани "ҷузву томи махсус" тарҳрезӣ кардаанд.
Маврид ба ёдоварист, созмони "Бахши рост" ё ба истилоҳ "Правий сектор" аснои ҳодисаҳои маълуми Украина дар "Майдон"-и Киев ва муқовиматаш бо ихтиёриёни Донбас нақши асосиро бозӣ кард.