Додгоҳи олӣ парвандаи як узви "Гурӯҳи 24"-ро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевВерховный суд РТ. Архивное фото
Верховный суд РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Умедҷон Салиҳов дар “ғасби ҳокимият”, ”даъват ба экстремизм”, “ҷавобгарии ҷиноӣ барои созмони гурӯҳи ҷиноӣ” дар ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” айбдор дониста мешавад.

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Парвандаи Умедҷон Салиҳов, як сокини ҷамоати Ромити ноҳияи Ваҳдатро, ки дар узвият ба "Гурӯҳи 24" мутаҳҳам мешавад, Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокима гирифтааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Солиҳов дар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла "таҳқири оммавии президент", "ғасби ҳокимияти давлатӣ", "даъват ба экстремизм", айбдор дониста мешавад.

Боздошти Умаралӣ Қувватов дар Истамбул

Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон 6 январ гуфтааст, ки парвандаи мазкур барои муҳокима ба Додгоҳи олӣ аз тарафи вазорати корҳои дохилӣ дар таърихи 5 январ ворид шудааст ва дар рӯзҳои наздик баррасӣ мешавад.

Додгоҳ мегӯяд, Умедҷон Салиҳов тибқи моддаи 307 қисми 2 "ғасби ҳокимият", 307 қисми 1 "даъват ба экстремизм", моддаи 307 қисми 3 "ҷавобгарии ҷиноӣ барои созмони гурӯҳи ҷиноӣ" дар ҳамкорӣ бо "Гурӯҳи 24", айбдор дониста мешавад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Умедҷон Салиҳов ба "Озодӣ" гуфтааст, ки вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин зерҳимояи ӯро тибқи моддаи 137, қисми 2 — "таҳқири омавии президент" низ гунаҳкор медонад.

"Гӯё Умедҷон дар Новосибирск дар як ҳамоиши "Гурӯҳи 24" ширкат карда, гуфта бошад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон заминҳои Тоҷикистонро ба Чин фурӯхтааст ва ба истеъфо равад. Аммо ин воқеият надорад, чунки Умедҷон ҳамчун корманди ФСБ тибқи дастури раёсати ФСБ-и Русия барои назорати ин ҳамоиш омада буд ва аслан суханронӣ накардааст. Фақат чеҳраи вай дар навори видеоӣ омадаасту тамом", — меафзояд Ёров.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, Умедҷон Салиҳов дар охирҳои моҳи октябр ба Тоҷикистон меояд ва пас аз чанд рӯз аз ҷониби Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи (УБОП)-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 9 октябри соли 2014 "Гурӯҳи 24"-ро созмони экстремистӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар кишвар манъ намуд.

Лентаи хабарҳо
0