Афзоиши тамоюли зиддиисломӣ дар Олмон

© Flickr \ gruenenrwДюсселдорф, эътироз алайҳи мусулмонони муҳоҷир. Аввали декабри соли 2014
Дюсселдорф, эътироз алайҳи мусулмонони муҳоҷир. Аввали декабри соли 2014 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Теъдоди онҳое, ки аз сиёсати муҳоҷирати мусалмонон ба Олмон ҷонибдорӣ намекунанд, дар ин кишвар зиёд мешавад. Эътирозҳои оммавӣ ва раҳпаймоиҳо нишонаи ин тамоюл аст.

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Эътирози густурдаи сокинон  дар шаҳри Дрезден бо ширкати беш аз 18 ҳазор ва раҳпаймоии 30 ҳазор дар саросари Олмон сурат гирифт, менависад РИА Новости.

Авохири моҳи декабри соли гузашта низ дар Дрезден намоиши эътирозӣ бо ҳузури 17 ҳазор дар назди операи шаҳрӣ баргузор шуда буд.

Мубтакири ин роҳпаймоиҳо, мисли ҳамеша ҷунбиши Pegida бо шиори "Аврупоиҳои ватандӯст- алайҳи исломи шудани Ғарб" мебошад. Иштирокдорон аз мақомот даъват мекунанд, ки низоми муҳоҷиратро таҳти назорати шадид бигиранд ва теъдоди мусулмонони муҳоҷирро дар кишварҳои аврупоӣ коҳиш бидиҳанд.

Ҳимоягарони ҳуқуқи муҳоҷирон алайҳи табъиди нажодӣ баромада, 5 ҳазор нафар дар Берлин ва беш аз 22 ҳазори дигар дар Гамбургу Штутгарт ва Мюнстер гирдиҳамоӣ карданд.

Таҳти шиори "Нажодпарастон-бидуни рӯшноӣ" чароғакҳои калисои машҳур дар Кёлн хомӯш карда шуда, корхонаи "Фолксваген" низ барои чанд муддат бе рӯшноӣ монд.   

Лентаи хабарҳо
0