Президенти ҶТ “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ”-ро тасдиқ кард

© Flickr \ Emmanuel HuybrechtsФемида
Фемида - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин барнома давоми мантиқии тарҳҳои пешин буда, таҳлили сохтору фаъолияти судҳо, инчунин омӯзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба фаъолияти судӣ алоқамандбударо тавзеҳ медиҳад.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017  аз ҷониби райисҷумҳур ба тасвиб расид, омадааст дар сомонаи президент.

"Барномаи мазкур идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии қаблӣ буда, бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафт, таҳлили сохтору фаъолияти судҳо, инчунин омӯзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба фаъолияти судӣ алоқамандбуда таҳия шудаст" — омадааст дар хабари расмӣ.

Дар он он рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон, тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхисҳои судӣ — ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин самтҳои дигари фаъолиятӣ ҳокимияти судӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ин барнома барои таҳкими минбаъдаи адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, тақвияти пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. 

Ба барнома нақшаи фаъолият замима гардидааст, ки дар он номгӯи чорабиниҳо, мӯҳлат ва масъули иҷро мушаххас муайян карда шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0