Шпигел: Ато Муҳаммади Нур дар рӯйхати сиёҳи НАТО

© Utenriksdepartementet UDРамзи НАТО дар Брюсел. Акс аз бойгонӣ
Рамзи НАТО дар Брюсел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ато Муҳаммади Нур, волии Балхи Афғонистон дар рӯйхати тартибдодаи НАТО қарор гирифтааст. Бино бар хабари расонаҳо, НАТО мехостааст ӯро “ҷисман нобуд” кунад.

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Маҷалаи олмонии "Шпигел" Ато Муҳаммади Нур, аз шахсиятҳои пурнуфус ва сарпарасти вилояти Балхи Афғонистонро дар қатори шахсиятҳое зикр кардааст, ки дар феҳристи афроди зери пайгарди қонунии НАТО қарор доранд, менависад оҷонсии Tojnews.

"Агар номи ман ба унвони "душман" дар ин феҳрист қарор гирифта ва нерӯҳои хориҷӣ ба дунболи нест кардани мананд, возеҳ аст, ки терори дигар шахсиятҳои Афғонистон (ки дар 13 соли гузашта кушта шудаанд) низ кори хориҷиҳо будааст ва душманони дохиливу "Толибон" дар он нақше надоштаанд",- гуфтааст Ато Муҳаммад.

Волии Балх, ки 1-уми январ дар як конфронси матбуотӣ дар Мазори Шариф суҳбат мекард, аз Бурҳониддини Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳ ва генерал Довуд Довуд, аз фармондеҳони аршади низомӣ дар ҳукумати Афғонистон ном бурд, ки ҳар ду дар ҳамлаи интиҳорӣ кушта шудаанд.

Маҷаллаи Шпигели Олмонӣ 28-уми декбар дар як матлаби худ зери унвони "Феҳристи Обама: торихчаи машкуки қатлҳои ҳадафманд дар Афғонистон" иддао карда буд, ки ба асноди маҳрамонаи НАТО даст ёфтааст. Ба навиштаи Шпигел, НАТО дар Афғонистон феҳристи афродеро тартиб додааст, ки бояд мавриди "ҳамла" қарор мегирифтаанд.

Ашраф Ғанӣ, райисҷумҳури Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Афғонистон ҷонибдори тамдиди ҳузури неруҳои НАТО аст

Ин маҷалла навиштааст, ки илова бар шибҳинизомиёни мухолифи давлат, номи шуморе аз қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳамчунин афроде, ки ниёз ба ҷамъоварии иттилоот дар мавриди онҳо буда, дар ин феҳрист дида мешаванд.

Шпигел аз ҷумла ба Ато Муҳаммади Нур ишора кардааст, ки аз соли 2010 инҷониб вориди ин феҳрист будааст.

Бо ин ҳол Ато Муҳаммад гуфта, ки генерал Дэвид Кэмп Бил, фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон дар гуфтугӯ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллӣ таъкид карда, ки қарор гирифтани номи афрод дар ин феҳрест ҳатман ба ин маъно нест, ки НАТО дар садади ҳазфи физикии онҳо будааст.

Волии Балх гуфтааст, ки ӯ дар муддати 13 соли гузашта аз муттаҳидони  мубориза бо тероризм дар Афғонистон буда, аз ин ки Шпигел номи ӯро дар қатори афроди қочоқбари маводи мухаддир ҷо додааст, аз идораи ин маҷалла ва ҳукумати Олмон тавзеҳи ин матлабро талаб хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0