Иштибоҳи сарбозони афғон боиси ҳалокати одамон дар ҷашни арусӣ гардид

© Flickr \ isafmediaНизомиёни Афғонистон аснои тамрин. Акс аз бойгонӣ
Низомиёни Афғонистон аснои тамрин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Ҳилманд мегӯянд, низомиён ба хонаводаи як соҳибҷашн, ки он ҷо маъракаи идона идома дошт, мушак партоб кардаанд.

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Муовини раиси вилояти Ҳилманди Афғонистон иброз доштааст, ҳамла бо минамёт ба як ҷашни арӯсӣ, ки 26 нафарро дар ин ҷашн кушт, бо айби сарбозони давлат рух додааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба хабари Франс Пресс.

Ба иттилои Франс Пресс, дар ин ҳамла, дар рӯзи 31-уми декабр аз ҷумла 17 зану кӯдак ҷон доданд ва 50 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Муҳаммадҷон Расулёр, муовини раиси вилояти Ҳилманд гуфт, "сарбозони давлат баъди ба посгоҳашон ҳамла кардани ҷангҷӯён дар ҳамин минтақа, аз миномёт оташ кушодаанд." Ба гуфти ӯ, дар ин робита чаҳор сарбоз аз ҷумла як фармондеҳашон боздошт шудаанд ва бояд дар додгоҳи низомӣ ҷавоб гӯянд. Рӯзи якуми январ даҳҳо нафар дар Ҳилманд алайҳи ин ҳамла эътироз карданд.

Қаблан хабар дода мешуд, ки мушаке, ки дар ҷараёни набарди байни ҷангиёни Толибон ва нирӯҳои Афғонистон партоб шуда буд, дастикам 20 нафар аз аҳли як тӯйи арӯсӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилмандро куштааст. Пулиси минтақа иброз дошт, ки дастикам 45 тани дигар дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд. Ин ҳодиса рӯзи 31 декабр дар вулусволии Сангин, яке аз пойгоҳҳои Толибон рух додааст. Баъди хуруҷи нирӯҳои Амрико аз ин минтақа дар шаш моҳи пеш, нирӯҳои афғон дар Сангин бо чирикиҳои Толибон дар набарданд.  

Лентаи хабарҳо
0