Қодиров ба фармондеҳон: ҷинояткоронро боздошт ва ё нобуд кунед

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкРамзан Қодиров, президенти Чеченистон. Акс аз бойгонӣ
Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамзан Қодиров бовар дорад, ки шакли нави мубориза бо террористон имкон медиҳад, ки Чеченистон аз ҷинояткорон комилан пок мешавад.

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон роҳи нави амалиёти мубориза бо террористонро амалӣ карданист: ба қумандонҳо супориши шахсан боздошт ва ё нобуд кардани ҷинояткоронро додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Вазифаи ҳар як фармондеҳ боздошт ва ё нобуд кардани террорист маҳсуб мегардад. Ҳамзамон, амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯи низ манъ карда намешавад, омадааст дар хабари сарчашма.

"Ин усули самарабахш аст. Он натиҷаи хуб хоҳад дод. Мо Чеченистонро пурра аз ҷинояткорон пок мекунем",- қайд кард пешвои чеченҳо.

Қодиров ба пайвандони ҷангиён муроҷиат карда, аз онҳо даъват кард дар амри супоридани силоҳ ва ба мақомот ҳозир шудани ҷинояткорон кӯмак намоянд.

"Ин ба онҳо шонси зинда мондан ва адои ҷазоро дар маҳбас медиҳад. Дар сурати баръакс онҳо нобуд карда мешаванд. Ман хуб медонам, ки бе дастгирии пайвандон ва ақрабо ҷинояткорон наметавонанд дуру дароз пинҳон шаванд. Ҳар дафъа як робитаеро аснои боздошти ҷангиён пайдо мекунем. Ҷангиён кам боқӣ мондаанд, онҳо наметавонанд ҳамеша пинҳон бошанд",- гуфт Қодиров.

Рӯзи панҷшанбе Қодиров дар бораи нобуд кардани ду террорист, ки иртиботи мустақим ба ҳодисаи 4-уми декабр дар Грозний доштанд, хабар дод. Он вақт гурӯҳи ҷинояткорони силоҳбадаст ба дидбонгоҳи нозирони роҳ ҳамла карда, сипас ба "Хонаи матбуот" паноҳ бурданд. Аснои амалиёти мақомоти интизомӣ 11 ҷангӣ кушта шуда, 14 нафар пулис низ ба ҳалокат расида буд. Теъдоди захмиён ба 36 тан расид.

Баъд аз ҳодисаи мазкур сарвари Чеченистон мубориза алайҳи гурӯҳҳои ҷиноиро тақвият дода, роҳбарии онро шахсан ба зимма дорад.

Лентаи хабарҳо
0