Вуруд ба Русия бо шиносномаҳои дохилӣ мамнӯъ шуд

CC BY-SA 3.0 / wikimedia / Заграничный паспорт гражданина республики Таджикистан
Заграничный паспорт гражданина республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита ба мавриди амал қарор гирифтани низоми нави вуруд ба Русия, шаҳрвандони ин кишвар низ барои ба кишварҳои ИДМ сафар кардан бояд шиносномаи хориҷӣ бо худ дошта бошанд. Аммо Қазоқистону Қирғизистону Белорус истисно ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Сар аз панҷшанбеи 1-уми январи соли 2015 вуруди шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ба Русия бо шиносномаҳои дохилӣ манъ гардид, хабар медиҳад сомонаи Tojnews.

Tojnews бо такя ба сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия навиштааст, ки шаҳрвандони Русия низ барои ба кишварҳои ИДМ сафар кардан бояд шиносномаи хориҷӣ бо худ дошта бошанд.

Ин меъёр барои кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ (Белорусия ва Қазоқистон) амал намекунад. Инчунин, ин шабу рӯзҳо гуфтушунидҳо барои ворид шудани Қирғизистон ба Созмони иқтисодии АвруОсиё идома дорад, бино бар ин шаҳрвандони ин кишвар низ бидуни шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба Русия ворид шаванд.

Бо такя ба расонаҳои русӣ, ин сомона менависад, ки пас аз ҷоришавии низоми нави вуруд ба Русия шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар дар оғози сол то 50% коҳиш хоҳад ёфт. Ба ин далел, ки на ҳамаи онҳо метавонанд шиносномаи хориҷӣ пайдо кунанд.

Бино бар маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, дар ин кишвар аз Тоҷикистон бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷир дар пайи ҷустуҷӯи кор ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0