Таъсиси баталион нав барои анҷоми “амалиёти” кишоварзӣ

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМинистерство обороны РТ. Архивное фото
Министерство обороны РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баталиони нав аз ҳисоби наваскарони даъвати тирамоҳии соли 2014 ташкил шуда, зертобеи Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Вазорати мудофеаи Тоҷикистон як баталиони нав таъсис додааст, ки сарбозони ин баталион бо корҳои хоҷагидориву кишоварзӣ ҷалб мешаванд, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".

Баталиони нав аз ҳисоби наваскарони даъвати тирамоҳии соли 2014 ташкил шуда, зертобеи Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

"Баталион ҳафтаи гузашта таъсис ёфта, ба он сарбозоне ҷалб мешаванд, ки дар бораи техникаи хоҷагидорӣ, масъалаи кишоварзӣ ва чорводорӣ маълумот доранд. Феълан ба ҳайати ин баталион 70 нафар қабул шудааст", — гуфтааст вазорати мудофиа.

Ин вазорат таъкид мекунад, ки сарбозони воҳиди нав мисли дигар хизматчиёни ҳарбӣ савганд ёд мекунанд ва муҳлати адои хизматашон низ чун дигар сарбозон 2 сол аст. Баталиони нав барои таъмини кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба маводи ғизоӣ равона хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0