ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Амрико зимни раъйдиҳӣ дар Шӯрои Амнияти СММ ба қатъномаи истиқлолияти Давлатии Фаластин аз ҳаққи ветои худ истифода кардааст. Ҳашт узви ША ҷонибдор, ду давлат мухолиф ва 5 давлати дигар аз раъйдиҳӣ худдорӣ варзидаанд, менависад РИА Новости.
Ба ин тартиб, Шӯрои Амнияти СММ қатъномаеро, ки истиқрори сулҳомези даргирии Фаластину Исроилро давоми як сол пешбинӣ мекард ва мебоист то соли 2017 неруҳои низомии Исроил аз ҳудуди Фаластин хориҷ шаванд, натавонист қабул кунад.
"Мутаассифона, сарфи назар аз он ки ормонҳо ва талошҳои ҳам фаластиниҳо ва ҳам исроилиҳоро инъикос шавад, матни ин лоиҳа танҳо ташвиши як ҷонибро инъикос кардааст. Ва ин эътидо надорад", — гуфтааст намояндаи Амрико дар СММ Саманта Пауэр.
Тибқи Оинномаи СММ, ҳалли ҳамагуна масоил танҳо дар он сурат эътироф мегардад, ки на камтар аз 9 аъзо, ба иловаи 5 аъзои доимии Шӯрои Амният (Амрико, Русия, Хитой, Бритониё ва Фаронса) раъйи мусбат бидиҳанд.