ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов 30 декабр зимни мурофиаи додгоҳӣ аз додрас хост, парванда аз рӯи моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи зерҳимояаш қатъ шавад, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".
Зоиров гуфт, иттиҳоми фасодкорӣ алайҳи зерҳимояаш тасдиқи худро наёфтааст ва аз додрас дархост намуд, парванда аз рӯи ин айб қатъ шавад. Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш — Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад.
Инчунин Раҳматилло Зоиров аз додрас хостааст, иттиҳом аз рӯи қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи зерҳимояаш ба қисми 2-и ин модда гузаронда шавад. Аз рӯи ин модда Шуҳрат Қудратов дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Турабек Охунов қаблан иддао дошт, Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш — собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" — Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Дар робита ба дархостҳои Раҳматилло Зоиров раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ки дар мурофиаи оянда, рӯзи 2-юми январи соли оянда посух хоҳад дод.
Шуҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ боздошт шуда, аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам мешавад.