Тоҷикистон давлати ноком эътироф шудааст

© SputnikПарчам дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Парчам дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рутба (рейтинг) аз ҷониби коршиносони ташкилоти ҷамъиятии The Fund for Peace ва нашрияи амрикоии Foreign Policy омода шуда, дар он вазъи 178 кишвари ҷаҳон аз рӯи шохиси номӯътадилӣ баҳогузорӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Тибқи шохиси "давлатҳои ноком"-и Failed States Index — 2014 Тоҷикистон дар баробари ҳамсоякишварҳо- Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар раддаи давлатҳои номӯътадил мавқеъ гирифтааст, қайд мешавад дар сомонаи мубтакирони лоиҳа.

Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар феҳристи "Шохиси давлатҳои заиф-2014", ки аз ҷониби коршиносони ташкилоти ҷамъиятии "Бунёди сулҳ" ва нашрияи амрикоии "Foreign Policy" таҳия шудааст, мақоми худро як зина беҳтар карда, ҷойи 55-ро муаррифӣ мекунад. Соли гузашта бошад, ҶТ дар мақоми 54 қарор дошт.

Ин рейтинг аз чанд бахш, назири давлатҳое, ки зарфияташон хеле зиёд, зиёд ва нисбатан кам аст, иборат буда, Тоҷикистон ҳамроҳ бо кишварҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар радифи кишварҳое қарор дорад, ки заифияшон нигаронкунанда аст.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон дар ҷойи 48, Қирғизистон 58, Туркманистон 74 ва Қазоқистон дар мақоми 111-ум мавқеъ доранд. Судони Ҷанубӣ, Сомалӣ, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Конго ва Судон кишварҳои аз ҳама заиф шинохта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0