ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Додгоҳе дар шаҳри Перми Русия 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дар қочоқи маводи мухаддир муҷрим шинохта, ба мӯҳлати аз 5 то 22 сол равонаи зиндон кардааст, навиштааст сомонаи додситонии ин минтақа рӯзи 26 декабр.
Ба иттилои манбаъ, аз ин 18 нафар, чаҳор тани онҳо ба ҳайси саркардаи гурӯҳ ва 14 каси дигар ҳамчун иштирокчӣ маҳкум шудаанд.
"Онҳо дар қаламрави Перм бо қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир машғул будаанд. Ин гуруҳи қочоқчӣ соли 2013 аз сӯи Раҳмиддин Султонов, шаҳрванди Тоҷикистон ташкил шудааст, ки ба муддати 9 сол дар зиндони низомаш шадид нигаҳдорӣ мешавад",- меафзояд сарчашма.
Гуфтанист, раҳбарии ин "тиҷорат"-ро бародарзодаи Султонов — Хуршеди Маҳмадкарим бар ӯҳда мегирад ва ӯ низ дар навбати худ се нафари дигар — Алишер Ғайратов, Тоҳирҷон Додиев, Далер Тирамоҳиевро ҷалб мекунад, ки ҳар яке аз онҳо гуруҳи қочоқчиеро дар минтақаҳои Кунгур, Чернушкb ва Перм идора мекардаанд.
Бо қарори додгоҳ, Хуршед Маҳмадкарим ба мӯҳлати 16 сол равонаи зиндони низомаш шадид шуда, Тирамоҳиев, Додиев ба муддати 20 сол ва Ғайратов ба мӯҳлати 22 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Боқимонда, 14 нафар аз 5 то 22 сол ҳукм гирифтаанд. Ба замми ин, муттаҳамон муваззаф шудаанд, ки дар ҳаҷми 4,2 миллион рубли русӣ ҷаримаро пардохт кунанд.