Душанбе, 30 дек — Sputnik. Дар Афғонистон мехоҳанд, Кобули Нав созанд, ки он аз пойтахти феълӣ ду карат бузургтар хоҳад буд, иттилоъ медиҳад сомонаи Khaama Press.
Муовини раиси ширкати мустақили Kabul New City Development (KNC) Илҳом Умар Ҳотакӣ гуфт, аллакай бо панҷ ширкати бузург дар мавриди бунёди 55 ҳазор бинои истиқоматӣ шартнома ба имзо расидааст.
Интизор меравад, дар 15 соли баъд дар минтақаи байни фурудгоҳи Ҳоҷӣ Равиши Кобул то Баграм, мақарри пойгоҳи низомиёни ИМА 600 ҳазор бинои баландошёна дар масоҳати 740 ҳазор метри мураббаъ сохта шавад.
Кобули Нав барои зисти 2,5 миллион нафар пешбинӣ шудааст.
Тарҳи лоиҳаи навшаҳр 8 сол қабл анҷом ёфта, аснои таҳияи он ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ саҳм доштанд.
Тибқи баҳогузории пешакӣ, барои эъмори он 80 миллиард доллар масраф хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир ширкатҳое, ки нияти иштирок дар татбиқи пружаи мазкурро доранд, интизори тасмими райисҷумҳур мебошанд. Аммо ба қавли коршиносон, татбиқи ин тарҳ бо сабаби хориҷ гардидани неруҳои НАТО аз Афғонистон ва дар пайи он ба мушкил мувоҷеҳ шудани вазъи амниятии минтақа зери суол аст.
Ёдрас менамоем, тайи сӣ соли ахир даргириҳо дар гӯшаву канори Афғонистон идома ёфта, иқтисоду иҷтимои ин кишварро ба бӯҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Таҳлилгарон мегӯянд, агар неруҳои Паймони Атлантикаи Шимолӣ аз Афғонистон берун нараванд, Толибон монеъи татбиқи ин тарҳ хоҳанд шуд.