Ҷустуҷӯи ҳавопаймои ширкати AirAsia идома дорад

© Flickr \ Dean MorleyAir Asia. Акс аз бойгонӣ
Air Asia. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи гузоришҳои аввалия, як ҳавопаймои ширкати AirAsia, ки аз Индонезия ба Сингапур дар парвоз буд, нопадид шудааст.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Як ҳавопаймои ширкати AirAsia, ки аз шаҳри Сурабая (Surabaya) дар Индонезия равонаи Сингапур буд, тамосаш бо бурҷи муроқибат қатъ шудааст. Мақомҳои ширкати AirAsia гуфтанд, ки амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопайморо оғоз мекунанд. 

Ҳодӣ Мустафо, як мақоми расмии вазорати нақлиёти Индонезия гуфтааст, парвози QZ8501, дар соати 6:18 —и бомдоди рӯзи якшанбеи 28 декабр, алоқааш бо бурҷи муроқибати Ҷакартаро аз даст додааст.

"Сарнишини ҳайати парвоз пеш аз нопадид шудан аз сафҳаи радар, хоста буд то дар "масири ғайримаъмулӣ" қарор гирад. Ин ҳавопаймо қарор буд соати 8:30 дар Сингапур ба замин биншинад",- иброз доштааст оқои Мустафо.

Оқои Мустафо ба расонаҳои индонезӣ гуфтааст, вазъи ҳаво дар атрофи роҳе, ки ҳавопаймо иртиботи худ бо бурҷи муроқибатро аз даст додааст, хуб набудааст.

Бинобар гузоришҳои расида ва ба гуфтаи мақомоти вазорати нақлиёти Индонезия, 149 нафар аз мусофирони ин ҳавопаймо шаҳрвандони индонезӣ ҳастанд. Як шаҳрванди сингапурӣ, як бритониёӣ, як малайзиягӣ ва се шаҳрванди Корея низ дар ҳавопаймо будаанд.

AirAsia як ширкати ҳавоии ироакунандаи парвозҳои арзони хусусӣ дар Малайзия аст. Ин ширкати ҳавопаймоӣ дар 100 масир дар 22 кишвари дунё хизмат мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0