ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Сарвари Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия гуфт, 40 дарсади муҳоҷирон дар ин кишвар мутобиқ нашудаанд, иттилоъ медиҳад "ca-news".
Ӯ афзуд, тайи чор соли ахир воридшавии муҳоҷирон ба Русия ҳудуди 40 % зиёд шуд ва аксари онҳо, яъне 40 дарсади муҳоҷирон ашхоси мутобиқнашуда мебошанд.
"Одамоне меоянд, ки забони русиро балад нестанд. Биёед, аниқ мекунем. Дар ҳама кишварҳо одамон дар макотиб таҳсил мекунанд? Ҳа, мекунанд. Дар бархе аз кишварҳои ИДМ таълими фанҳои кимиё, физика бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Инҳо илмҳои бунёдӣ мебошанд. Дар забони давлатҳои ОМ истилоҳоти илмии ин фанҳо вуҷуд надорад. Ва агар одамон дар мактаб таълим гирифта бошанд, пас бо воситаи ин фанҳо имкон доштанд, забони русиро омӯзанд. Дар сурати надонистани забони русӣ саволе ба миён меояд, ки оё онҳо дар мактаб таҳсил кардаанд? Боз ин дар вақте ки онҳо касб (ихтисос)-и зарурӣ надоранд",- иброз дошт Ромадановский аснои мусоҳиба бо "Российская газета".
Ба қавли ӯ, Русия пас аз ИМА бо теъдоди муҳоҷирон дар ҷои дуввум қарор дорад.
"Русия ин мақомро пас аз суқути ИҶШС (СССР) ба даст овард, зеро шаҳрвандони ин давлати абарқудрат пас аз пошхӯрии он хориҷӣ шуданд",- қайд кард Ромадановский.
Ба иттилои ХФМ-и Русия тайи 10 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба ин кишвар беш аз 1,1 миллион тоҷикистонӣ муҳоҷират кардааст.