Парлумони Тоҷикистон мақомотро "саҳлангор" номид

© SputnikПарламент Таджикистана. Архивное фото
Парламент Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як қатор мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар иҷрои “Барномаи ҳифзи муҳити зист” саҳлангорӣ карда, вазифаҳои худро сари вақт ба иҷро нарасонидаанд.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Раиси комиссияи экологии парлумон Зайниддин Сафаров гуфт, мақомоти дахлдор дар иҷрои «Барномаи мониторинги ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» саҳлангорӣ кардаанд, хабар медиҳад сомонаи парлумон.

Зимни муҳокимаи парлумоние, ки 26 декабр доир шуд, Сафаров гуфт, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ "барои амалишавии барнома саҳлангорӣ кардаанд, ки ин омил боис шудааст, то вазифаҳои ба онҳо рабтдошта сари вақт, дар сатҳи лозимй ва сифати баланд амалй нагарданд".

"Заҳбуру заҳкашҳо сари вақт тоза намешаванд. Дар вилояти Хатлон зиёда аз 6877 километр заҳкашҳо мавҷуд аст, ки аз он 1547 километр байни хоҷагӣ ва 533 километрро заҳбурҳои дохили хоҷагӣ ташкил медиҳад. Ҳар сол аз сабаби пайдо накардани маблағ ҳамагӣ 128-150 километр заҳбурҳо тоза карда мешавад", мегӯяд раиси комиссияи экологии парлумон.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар мавсими боронҳо бо сабаби тоза набудани заҳбурҳо офатҳои табиӣ рух медиҳад ва ба сокинони хисороти ҷониву молӣ мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0