Сокинони Ворухро дар пайи сӯхтори 9 хонаи қирғизҳо бозпурсӣ мекунанд

© Sputnik / Александр МаксименкоПас аз сӯхтор. Акс аз бойгонӣ
Пас аз сӯхтор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти пулис дар Исфара мегӯянд, ки ба таҳқиқи гумонбарон дар оташ задани 9 манзил дар чарогоҳҳои қирғизҳо дар 13-километрии Ворух шурӯъ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Шӯъбачаи корҳои дохилии ҷамоати Ворух ба пурсиши гумонбарони сӯхтори  9 манзили сокинони деҳаи Қарабоғи Ботканд оғоз кардааст, менависад Радиои Озодӣ.

Тибқи иттиҳомоти аввалия, ҷониби Қирғизистон сокинони ҷамоати Ворухи Тоҷикистонро дар оташ задани  манзили сокинони маҳаллӣ дар чарогоҳи "Булоқбошӣ" ё "Кех" гунаҳгор мекунад. Ин чарогоҳ дар 13-километрии ҷамоати Ворух қарор дорад.

Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, шоми чаҳоршанбе чанд хонаи қирғизҳо дар чарогоҳи мазкур оташ гирифтааст ва қирғизҳо гуфтаанд, дар ин амал сокинони Ворух даст доранд.

Тармим ва таҷдиди роҳи  Бишкек-Нарин-Торугарт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маматалиев: масъалаи роҳҳои гузаргоҳӣ бо ҶТ пурра ҳал шуд

Шӯъбачаи корҳои дохилии ҷамоати Ворух чанд тан аз сокинони ин ҷамоатро  мавриди пурсиш қарор дода, аммо пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки  аз ин ҳодиса аслан хабар надоранд ва дар зимистон ҳеҷ нафар ба чарогоҳҳо намеравад.

Раёсати корҳои дохилии Ботканд иттилоъ медиҳад, ки шоми чоршанбе, соати 19:00 дар чарогоҳи Булоқбошии деҳаи Қарабоғи Ботканд 9 манзили дуҳуҷрагӣ ва сеҳуҷрагии қирғизҳо оташ гирифтааст, ки феълан дар мавриди ин ҳодиса парванда боз шуда тафтишот идома дорад.

Дар соли 2014 дар хутути марзи муштарки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 30 ҳодисаи нақзи марз ва тирпаронӣ рух додааст. Дар ин ҳодисаҳо, дасти кам 3 нафар аз Тоҷикистон, аз ҷумла як марзбон кушта шуда, даҳҳо тан маҷрӯҳ гардиданд. То кунун аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар манотиқи баҳсии марзӣ ҳар сари чанд низоъҳои сокинони деҳоти ҳарду кишвар бо баҳонаи дастрасӣ ба замину обу чарогоҳҳо сар мезананд. Музокироти ҳукуматҳои байни ду кишвар барои муайян кардани марз идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0