Сиёсатмадорон, ҳунармандон, журналистҳо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла аснои иҷрои рисолати касбиашон ҷон бохтанд. Ёди онҳо ҳамеша бо мост.

1/16
© Flickr \ Global Panorama
Сарвари кулли ширкати Total Кристоф де Маржери шаби 21 октябр аснои садамаи таёра дар фурудгоҳи "Внуково" ҳалок шуд.

2/16
© wikimedia.org
Актер Филип Сеймур Хоффман 2 феврали соли равон дар синни 46-солагӣ реҳлат кард. Истифодаи доруҳои сахттаъсир марги ӯро тезонид.

3/16
© wikimedia.org
11 август Робин Уилямс дар манзили шахсиаш дар Тибурони иёлати Калифорния вафот кард. Ӯ 63-сол дошт. Ба иттилои пулис, Уилямс худро ба миёнбандаш овехта, ба ҳалокат расонидааст.

Коргардон Юрий Любимов 5 октябр дар синни 97-солагӣ аз дунё гузашт.Сактаи қалб боиси марги коргардони маъруф гардид

Святослав Бэлза, мусиқашинос ва мунаққиди телевизион рӯзи 3-юми июн дар беморхонаи шаҳри Мюнхен аз олам чашм пӯшид.Баҳори соли равон ташхиси табибони Русия дар вуҷуди ӯ маризии саратонро ошкор карда буд.

4-уми майи соли 2014 Самойлова ба бемористони ба номи Боткин интиқол ёфта, шаби ҳамон рӯз дар соати 22-30 фавтид.

7/16
© wikimedia.org
Габриэл Гарсиа Маркес рӯзи 17 апрели соли 2014 дар синни 87-солагӣ дунёи рушанро падруд гуфт.Маризии шадиди гурда имкон надод, ки нависанда асари охиринашро ба итмом расонад. То дами вопасин нафаси зиндагӣ ҳамсараш дар болои болинаш буд.

8/16
© Flickr \ julio ulanga
Каэтана Фитс-Ҷеймс Стюарт Алба дар синни 88-солагӣ дар Севиля вафот кард.

9/16
© wikimedia.org
Собиқ нахуствазири Исроил Ариэл Шарон пас аз 8 соли беморӣ дар бемористоне дар Хайма-Шиба рӯзи 11 январи соли 2014 вафот кард.Ӯ 86 сол дошт.

12-уми июли соли 2014 Валерия Новодворскаяи 64-сола ба беморхонаи клиникии рақами 13-и шаҳри Маскав интиқол ёфт.Пас аз муддате Новодворская аз олам гузашт.

Собиқ президенти Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе рӯзи 7-уми июл дар синни 87-солагӣ вафот кард.

4 октябр футболбози маъруф Фёдор Черенков аз олам даргузашт. Сабаби марги ӯ саратони майнаи сар унвон мешавад.

24 ноябри соли 2014 дили варзишгари маъруф, мураббии варзидаи хоккей, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон ва олимпӣ Виктор Тихонов аз задан бозмонд.

Хабарнигори махсус ва аккоси ОИБ "Россия сегодня" Андрей Стенин рӯзи 6 август дар деҳаи Снежноеи шарқи Украина ба ҳалокат расид. Андрей аз моҳи май дар сафари хидматӣ дар Украина қарор дошт ва аз минтақаҳои Киев, Донетск, Луганск, Мариупол, Шахтёрск ва Славянск хабару гузоришҳои аксӣ омода мекард. 5 август алоқа бо Стенин гум шуд, рӯзи дигар ҷасади журналист пайдо шуд. Андрей ҳамагӣ 33-сол дошт.

Генерал Сӯҳроб Қосимов, собиқ фармондеҳи ФХТ, собиқ қумандони гурӯҳи вижаи ВКД, фармондеҳи қисми низомии 2520. Пас аз бемории тӯлонӣ дар Душанбе аз дунё даргузашт. Сабаби марги ӯ саратони майнаи сар унвон гардид.

16/16
© Sputnik
5 ноябри соли 2014 дар Душанбе аз дунё даргузашт. Қурбон Чолов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фармондеҳи ФХТ буд. Соли 1995-2000 вакили парлумони ҶТ интихоб шуда буд.