Адвокати маҳбус ба Кумитаи СММ шикоят бурд

© Flickr \ grendelkhanСимхор
Симхор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Файзинисо Воҳидова, вакили дифои яке аз зиндониёни кишвар ба Кумитаи муқобила бо шиканҷаи Созмони Милал муроҷиат карда, аз ин ниҳод хостааст, иҷоза надиҳад, ки зерҳимояааш Садриддин Тошевро барои идомаи адои ҷазо ба зиндони низомаш сахт ба Қӯрғонтеппа интиқол диҳанд.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Вакили дифои Садриддин Тошев, рӯзи 25-уми декабр дар ин бора иброз дошта, афзудааст, дар сурати фиристодани Садриддин Тошев ба зиндони Қӯрғонтеппа эҳтимол дорад, ки ӯро дар онҷо дигарбора азобу шиканҷа диҳанд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.

"Воқеан қабл аз ин Тошев дар ҳамон муассисаи режимаш махсус адои ҷазо намуда буд ва бо маъмурияти муассиса муносибатҳои хуб надорад ва аз ин рӯ таҳдид ба ҳаёту зиндагиаш вуҷуд дорад. Шояд дар онҷо аз ӯ қасд мегиранд, байнашон муноқиша мехезад, барои ҳамин мо ба Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кардем, ки ин масъаларо дар назди ҳукумати Тоҷикистон гузорад, ки Садриддин Тошев барои идомаи ҷазо ба муассисаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа фиристода нашавад",-афзудааст адвокати маҳбус.

Садриддин Тошев, муллақаб ба "Қорӣ", қаблан (соли 2002) ба ҷурми гаравгонгирӣ, терроризм ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои балвогар ба муддати мадид зиндонӣ шуда буд. Баъдан, дар моҳи сентябри соли 2013 додгоҳи шаҳри Хуҷанд ӯ ва як ҳамроҳи дигарашро ба он гунаҳкор донистанд, ки гӯё аз даруни зиндон наворҳои бардурӯғеро дар бораи азобу шиканҷаи зиндониён нашр карданд. Садриддин Тошев, ки баъди 20 соли адои зиндон барои озодиаш каме бештар аз 3 сол монда буд, барои нашри ингуна видеоҳо ба 9 соли дигари зиндон маҳкум шуд.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ҳукми додгоҳ дар бораи адои ҷазо дар муассисаи низомаш шадид барои Садриддин Тошев ноодилона аст ва бояд ин ҳукм бознигарӣ шавад.Айни замон ӯ дар зиндони шаҳри Душанбе нигаҳ дошта мешавад. 

Лентаи хабарҳо
0